Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Остона маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ордени «Алтын Қыран» («Уқоби тиллоӣ)»-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.
Мукофоти олии давлатии кишвари бародарро ба роҳбари Ӯзбекистон Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо тантана супурд.
Сарвари давлатамон аз номи халқи сермиллати Ӯзбекистон изҳори миннатдории самимӣ намуда, қайд кард, ки чунин мукофоти олӣ баҳои саъю кӯшиши муштарак оид ба таҳкими робитаҳои чандинасраи дӯстии ҳақиқӣ ва ҳамсоягии неки ду халқ, инчунин эътирофи саъю кӯшиши умумӣ барои ба сатҳи нави таърихӣ — шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон мебошад.
Ордени олии «Алтын Қыран» ба арбобони давлатӣ барои саҳми бебаҳояшон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Қазоқистон дода мешавад.