Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти телефонӣ кард

11 январ суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба амал омад.

11 январ суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба амал омад.
Дар ибтидои мулоқот роҳбари давлати мо Садир Ҷапаровро бо ғалабаи боварибахшаш дар интихоботи баргузоршудаи президентӣ, ҳамчунин бомуваффақият гузаштани раъйпурсӣ бинобар дохил кардани тағйирот ба Сарқонуни Қирғизистон самимона муборакбод кард.
Изҳор шуд, ки натиҷаҳои тадбири муҳимтарини сиёсӣ барои таъмин гардидани эътидол, беҳтар шудани некӯҳолии аҳолӣ ва рушди устувори мамлакат асоси мустаҳкам фароҳам меоваранд.
Дар навбати худ Садир Ҷапаров ба Президент ва халқи бисёрмиллати Ӯзбекистон барои кӯмак ба Қирғизистони бародарӣ бобати паси сар намудани оқибати хурӯҷҳои кунунӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии коронавирус миннатдорӣ баён кард. 
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ масъалаҳои рӯзмарраи дуҷониба ва ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ баррасӣ шуданд. 
Таъкид гардид, ки соли равон бояд давраи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ, эътимод ва шарикии стратегии ӯзбекистониву қирғизистонӣ гардад, онҳоро бо мазмуни сифатан нав пурра кунад. 
Муҳимияти амалан татбиқ кардани муоҳидаҳои пештар ба имзорасида бинобар амиқсозии ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Қирғизистон махсус зикр шуд.
Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи натиҷабахшии кори муштарак оид ба марзбандии сарҳадҳои давлатӣ, зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол, пурзӯр намудани кооператсия дар саноат, энергетика ва хоҷагии қишлоқ, вусъат додани робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи инсонпарварона, амалан татбиқ намудани лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба рушди коммуникатсияҳои самарабахши нақлиётӣ ва ҷиҳатҳои дигар меравад.
Дар бораи ҷоннок кардани фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҳамчунин баргузор намудани як қатор чорабиниҳо оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ муоҳидаҳо ба  даст омаданд.
Манфиатдории дуҷониба бобати идома додани мулоқоти қарин ва пурмуҳтаво, дастгирии тарафайн дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва сохторҳои минтақавӣ  изҳор гардид. 
Суҳбат дар муҳити ошкоро ва дӯстӣ гузашт.

ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: