Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Арабистони Саудӣ меравад

Бинобар даъвати Ходими ду масҷиди муқаддас – Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17-18 август ба ин кишвар бо боздиди давлатӣ ташриф меорад.

Мутобиқи барномаи будубош дар шаҳри Ҷидда баргузор намудани чорабиниҳои асосии мулоқоти Ӯзбекистону Саудӣ дар сатҳи олӣ дар назар аст.

Дар рӯзномаи мулоқот масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, молия ва фарҳангию гуманитарӣ ҷой дода шудаанд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳо дар соҳаи иқтисодиёти “сабз”, технологияҳои баланд ва рақамигардонӣ, инноватсия, тибб, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ эътибори алоҳида нигаронда хоҳад шуд.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш имзои бастаи устувори созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Дар барномаи сафар мулоқотҳо бо раҳбарияти ширкатҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ, сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони ҳамкории исломӣ ва Бонки исломии рушд низ пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатӣ ба Арабистони Саудӣ сарвари давлатамон шаҳрҳои Макка ва Мадинаи барои тамоми ҷаҳони ислом муқаддасро  зиёрат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: