Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Фаронса ташриф меорад

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон 21-22 ноябр бо сафари расмӣ ба ин кишвар ташриф меорад.

Дар барномаи будубош баргузор намудани гуфтушуниди дуҷонибаи сатҳи баланд дар Париж, мулоқотҳо дар Маҷлиси миллӣ – палатаи поёнии Парлумони Фаронса, инчунин чорабиниҳои корӣ бо иштироки роҳбарони ширкату бонкҳои пешрафтаи Фаронса пешбинӣ шудааст.

Ба рӯзнома масъалаҳои рушди минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, идомаи табодули фаъоли башардӯстона ва таълимӣ дохил шудаанд.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабули беш аз даҳ ҳуҷҷати муҳими дуҷониба, инчунин як бастаи созишномаҳои сармоягузорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои сафар дар пойтахти Фаронса намоишгоҳҳои беназири мероси ғании маданию таърихии мамлакатамон дар музеи машҳури Лувр ва Донишкадаи бонуфузи ҷаҳони араб кушода мешаванд.

Илова бар ин, дар ин рӯзҳо дар Париж форуми тиҷоратӣ баргузор мешавад, ки бо дастгирии Ҷунбиши соҳибкорони Фаронса “MEDEF” ташкил шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: