Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони ИДМ иштирок кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари корӣ дар Бишкек қарор дорад, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Дар кори ҳамоиш, ки таҳти раёсати Президенти Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин Котиби генепалии ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи ИДМ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлатамон дар суханронии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Иттиҳод як қатор ташаббусҳо ба миён гузошт.

Президенти Ӯзбекистон аҳамияти истифодаи платформаи нодири ИДМ-ро барои баҳодиҳии муштараки имкониятҳои эҳтимолӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда махсусан қайд кард. Дар ин замина пешниҳод шуд, ки конфронси марказҳои таҳлилӣ ва коршиносони пешрафтаи кишварҳои ИДМ барои таҳияи рӯзномаи нави бисёрҷонибаи дарозмуддат ташкил карда шавад.

Раҳбари кишвари мо зарурати таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои узви иттиҳодро таъкид кард.

Ба муҳим будани ҳарчи зудтар ташаккул додани минтақаи тиҷорати озоди комил дар фазои Созмон бидуни истиснову маҳдудият эътибор дода шуд. Ба ин муносибат таклиф карда мешавад, ки қоидаҳои созишномаи дахлдор аз нав дида баромада шаванд.

Президенти Ӯзбекистон ба истифодаи самарабахш аз механизмҳои мавҷуда даъват намуда, василаҳои нави ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши мол миёни кишварҳоро пешниҳод кард.

Сарвари давлатамон ба таҳияи Маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузории мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳо, инчунин баргузории Анҷумани ҳамкориҳои саноатӣ ва коркардҳои инноватсионии кишварҳои ИДМ ҷонибдорӣ кард.

Ба масъалаҳои шарикӣ дар бахшҳои энергетика ва хӯрокворӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими кооператсия дар секторҳои дахлдори иқтисодиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Пешниҳод шуд, ки Барномаи навшудаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва Созишнома дар бораи самтҳои асосии кооператсия дар маҷмӯи агросаноатӣ омода карда шавад.

Раҳбари Ӯзбекистон ба тайёр намудани “харитаи роҳ” оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ ташаббус зоҳир намуда, оид ба таҳкими робитаи нақлиётӣ ва афзоиши гардиши мусофирону бор тадбирҳои мушаххас муайян намуд.

Аҳамияти муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бо оқибатҳои тағйири иқлими ҷаҳонӣ таъкид шуд. Изҳори омодагӣ карда шуд, ки бахшида ба чолишҳои экологӣ ва таҳдидҳои ИДМ дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқлим, ки соли оянда дар Самарқанд таҳти сарпарастии СММ ба нақша гирифта шудааст, иҷлосияи умумӣ ташкил карда шавад.

Дар соҳаи гуманитарӣ пешниҳод шуд, ки дар шаҳри Самарқанд, ки пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 эълон шудааст, Ҳафтаи фарҳанг, санъат ва кинои кишварҳои ИДМ баргузор шавад.

Соли оянда низ як қатор чорабиниҳои ҷавонон, аз ҷумла мусобиқаи футбол дар шаҳри Тошканд, ки мақоми пойтахти ҷавонони ИДМ-ро гирифтааст, баргузор мешавад.

Дар суханронии худ роҳбари кишварамон дар самти таълим ва рушди табодули сайёҳӣ низ ташаббусҳои муҳимро ба миён гузошт.

Дар хотима Президенти  Ӯзбекистон Президенти Федератсияи Русияро бо қабули раёсати ин созмон дар соли 2024 табрик гуфт.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ як қатор созишнома ва қарорҳо қабул шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: