Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти сарони кишварҳои туркизабон ширкат хоҳад кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров 5-6 ноябр бо сафари корӣ ба шаҳри Бишкек ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони кишварҳои туркизабон ташриф меорад.

Рӯзномаи нишасти кунунӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи Созмон дар бар мегирад. Ба таври анъанавӣ таҳкими муколамаи сиёсӣ, афзоиши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии табодули тиҷорат ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона мариди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Бинобар ҷамъбасти нишаст қабули як қатор қарорҳои муштарак, аз он ҷумла Хартияи дунёи туркӣ, ки бо ташаббуси кишварамон таҳия шудааст, ба назар гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: