ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ҒАЙРИРАСМИИ ИДМ ИШТИРОК КАРД

6 декабри соли 2018-ум Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади ғайрирасмии Шӯрои сарони давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт- Петербург ширкат ҷуст.

Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёевро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин пешвоз гирифт.
Пас аз маросими аксбардорӣ вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳо – аъзои ИДМ оғоз ёфт.
Бояд махсус таъкид намуд, ки ҳамкориҳои тарафайни мамлакати мо бо давлатҳои аъзои Иттиҳод бинобар самтҳои гуногун мустақимона инкишоф меёбанд. 
Роҳбари Ӯзбекистон дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳо – аъзои ИДМ, ки 28 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иштирок дошт. 
Дар солҳои охир кишвари мо ба даҳ мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳод ҳамроҳ шуд. Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Ассамблеяи байнипарлумонӣ гардид, ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози оид ба карантини рустаниҳо, Шӯрои байнидавлатӣ бинобар ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва инноватсияҳо, Шӯрои оид ба масъалаҳои маҷмӯи агросаноатӣ, Комиссияи доир ба истифодаи нирӯи атомӣ ба мақсадҳои сулҳхоҳона, Шӯрои роҳбарони мақомоти хидматҳои амният ва махсуси давлатии аъзои ИДМ, гурӯҳи кории сатҳи олӣ бинобар коркарди Муоҳида дар бораи минтақаи савдои озоди хидматҳои ИДМ ва ғайра ҳамроҳ шуд.
Ӯзбекистон ҷонибдори ташаккул додани бозорҳои тарафайн, соддатар кардани тартиботи гумрук, самарабахш истифода бурдани гузаргоҳҳои байналхалқӣ ва минтақавии нақлиёт дар соҳати ИДМ мебошад.
Соли равон Ӯзбекистон як қатор чорабиниҳои муҳимро дар доираи Иттиҳод, аз ҷумла ҷамъомади Шӯрои вазирони мудофиа, Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ, Шӯрои оид ба стандартикунонӣ, метрология ва сертификат, Шӯрои байнидавлатӣ бобати геодезия, харитакашӣ, кадастр ва санҷиши масофавии Замин, ҳамчунин бисёр дигарро баргузор кард. Ин имкон дод ҳамкориҳои муфиди тарафайни бисёрсоҳавӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф хеле беҳтар шаванд, робитаҳои иқтисодӣ ва сармоявӣ мустаҳкам гарданд, кооператсияи саноатӣ вусъат ёбад.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзун кардани ҳаҷми савдои тарафайн, истифодаи самараноки иқтидорҳои нақлиётиву коммуникатсионии давлатҳои Иттиҳод, ҳамчунин мустаҳкам намудани амният, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили таҳдид ва хуруҷҳои нави замонавӣ эътибор дода шуд.
Зарурияти мунтазам идома додани мубодилаҳои инсонпарварӣ, таълимӣ ва сайёҳӣ қайд гардид. 
Ҳамчунин масъалаҳои дигаре, ки ба онҳо ҳар ду ҷониб рағбат доранд, баррасӣ шуданд. 
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли оянда дар Иттиҳод раисӣ мекунад, соли 2020-ум бошад, ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ-ро баргузор хоҳад кард. 
Дар доираи иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии ИДМ Президенти Ӯзбекистон бо сарони баъзе давлатҳо ҳамсуҳбат шуд, ки дар ҷараёни онҳо натиҷаҳои асосии шарикии пурмаҳсул дар соли 2018-ум ва самтҳои бартариноки ҳамкорӣ дар давраи минбаъда муҳокима гардиданд.
Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Санкт-Петербург анҷом ёфт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: