Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмии ИДМ иштирок мекунад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабр барои иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо боздиди расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф меорад.

Ба рӯзномаи чорабинӣ, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор мегардад, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ дохил карда шуданд.

Дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳод натиҷаҳои асосии соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: