ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ОНЛАЙНИ «ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН» ИШТИРОК НАМУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 январ дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар андозаи видеоконфронс, ки бо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибати дипломатӣ ташкил гардид, ширкат намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 январ дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар андозаи видеоконфронс, ки бо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибати дипломатӣ ташкил гардид, ширкат намуд.
Дар он инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов низ иштирок намуданд.
Пешвоёни мамлакатҳо ҳамкории сисолаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҶМЧ-ро ҷамъбаст намуда, дар бобати масъалаҳои муҳим ва самтҳои бартариноки ҳамкории бисёрҷанбаи оянда табодули афкор намуданд.
Роҳбари давлатамон дар аввали нутқи худ иштирокдоронро бо санаи ҷашнӣ табрик намуд ва таъкид кард, ки дар зарфи солҳои гузашта муносибати стратегии ҳаматарафаи байни Ӯзбекистон ва Чин хусусияти босубот ва муттасил касб намуд.
Ҷанбаҳои муҳими ҳамкориро зикр намуда, роҳбари мамлакатамон ташаббуси таҳияи Стратегияи Гуфтугӯи нави иқтисодии «Чин – Осиёи Марказӣ»-ро, ки ба хотири таъмини савдои бемамониат ва ташаккули фазои ягонаи ҳамкории саноатӣ ва маҳаллигардонӣ созмон меёбад, пешниҳод намуд.
Президенти Ӯзбекистон инчунин аҳамияти таҳияи қарорҳои низомнокро барои таъмини боркашонии бехалал ва рушди шабакаҳои логистикии фароминтақавӣ аз рӯи хати «Чин – Осиёи Марказӣ» таъкид кард. Пешниҳод намуд, ки худи ҳамин сол татбиқи амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» оғоз карда шавад.
Роҳбари давлат таваҷҷӯҳи иштирокдорони ҳамоишро ба ногузирии муттаҳид сохтани кӯшишот дар заминаи татбиқи васеи технологияи рақамӣ нигаронд. Дар пойгоҳи IT-паркҳо ба вуҷуд овардани пойгоҳи ягонаи «Зеҳнии Роҳи абрешим» пешниҳод гардид.
Самти муҳими ҳамкорӣ соҳаи тандурустӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда ном бурда шуд. Изҳори омодагии идома додани шарикӣ бо Чин дар таҳия, озмоиш ва истеҳсоли ваксинаҳо баён гардид. Ҷониби Ӯзбекистон инчунин тарафдори ба расмият шинохтани шиносномаҳои ваксинатсия мебошад, ки равуои одам ва амволро байни мамлакатҳоямон осон мегардонад.
Роҳбари давлат дар масъалаи коҳиши қашшоқӣ махсус таваққуф намуд ва ҳалли онро шарти муҳимтарини таъмини некӯаҳволии мардум номид.
Бинобар ин Ӯзбекистон барои дар оянда ҳамдастӣ намудан бо Чин аз рӯи масъалаҳои такомули сектори аграрӣ, кишту кор дар заминҳои шӯр ва шӯрзада, роҳандозии занҷири истеҳсолии байни шаҳрҳо ва деҳот манфиатдор мебошад.
Ғайр аз ин, Президенти Ӯзбекистон ба ҳамдастии зич ва татбиқи якҷояи чорабиниҳои пешбаранда дар бобати қонеъ сохтани талаби зудафзояндаи аҳолӣ ба озуқаворӣ дар давраи пандемия даъват намуд. Якҷоя ташаббус нишон додан барои қабули резолютсияи алоҳидаи Ассамблеяи генералии СММ дар бобати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар шароити пандемия пешниҳод гардид.
Ҳамзамон ногузирии якҷоя пеш бурдани масъалаи мушкилоти иқлим дар доираи бунёд намудани «Роҳи сабзи абрешим» таъкид гардид.
Дар бобати таҳияи Нақшаи роҳ доир ба таъмини «тараққиёти тозаи экологӣ», ки ба тезондани ҳамкории сармоягузорӣ ва технологӣ дар соҳаи энергетикаи муқобил нигаронда шудааст, ташаббус пешниҳод гардид.
Ба масъалаҳои минбаъд наздик сохтани халқҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, васеъ намудани табодули маданиву гуманитарӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Роҳбари давлатамон соли ояндаро «Соли маданият ва санъати халқҳои Осиёи Марказӣ ва Чин» бо фарогирии барномаҳои академӣ ва донишҷӯӣ, баргузор намудани ҳамоишҳои ҷавонон ва мусобиқоти варзишӣ эълон намудан пешниҳод намуд.
Президенти Ӯзбекистон дар нутқи худ ба масъалаҳои идома додани ҳамкорӣ дар соҳаи мустаҳкам намудани бехатарии минтақавӣ низ сухан ба миён овард. Аҳамияти ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар самти масъалаи Афғонистон бо манфиати татбиқи консепсияи «Роҳи абрешими бехатар» таъкид шуд.
Дар охири нутқи худ роҳбари давлат ба мардуми Чин бомуваффақият баргузор намудани Бозиҳои олимпии зимистонаро дар Пекин таманно намуд.
Дар поёни ҳамоиш Изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он бархурдҳои умумӣ ба масъалаҳои калидии минбаъд мустаҳкам намудани шарикии бисёрҷанбаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҷассум ёфтааст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: