Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштирок кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 январ дар ҳамоиши “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ”, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок кард.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Роҳбарон дурнамои таҳкими минбаъдаи робитаҳои анъанавии наздик ва дӯстона, тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустонро баррасӣ карданд. Оид ба масъалаҳои актуалии сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Ӯзбекистон дар оғози суханронии худ аҳамияти ин мулоқотро дар амиқсозии шарикии стратегӣ ва ташаккули рӯзномаи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ба пешомади дарозмуддат таъкид кард.

Асоси боэътимоди ин решаҳои амиқи таърихист, ки кишварҳо ва халқҳои моро ба ҳам мепайвандад. Ҳамин тариқ, тӯли ҳазорсолаҳо байни минтақа ва Ҳиндустон табодули пуршиддати башардӯстона ва муносибатҳои тиҷоратӣ вуҷуд дошта, ғанигардонии тарафайни фарҳанг, анъана ва арзишҳои маънавӣ ба мушоҳида мерасиданд.

Сарвари давлатамон афзалиятҳои стратегиро муайян намуда, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар формати “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт.

Рушди сармояи инсонӣ тавассути ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар асоси ҷорӣ намудани таҷриба, дониш ва технологияҳои беҳтарини Ҳиндустон ба сифати афзалияти аввалиндараҷа муайян шудааст.

Ба сифати мисол марказҳои муосири бисёрсоҳаи тиббии кишварамон, ки дар якҷоягӣ бо шарикони ҳиндӣ дар солҳои охир бунёд шудаанд, оварда шудаанд. Ҳамзамон, минбаъд васеъ намудани шабакаи чунин клиникаҳо дар филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи тиббии Ҳиндустон дар Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.

Президент ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории истеҳсоли маводи дорусозӣ, суръат бахшидан ба эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмкунӣ, роҳандозии барномаҳои омодакунии табибони вирусолог, ба таври васеъ ҷорӣ намудани усулҳои тибби халқӣ даъват кард. Барои пешбурди ин ташаббусҳо пешниҳод шуд, ки ҳамасола Форуми муштараки саломатӣ баргузор шавад.

Дар соҳаи маориф дар мамлакати мо филиалҳои се мактаби олии бузурги Ҳиндустон бомуваффақият кор мекунанд, барномаҳои ташкили мактабҳои байналхалқӣ татбиқ мегарданд, усули ҳиндии таълими забон ҷорӣ карда мешавад.

Раҳбари Ўзбекистон пешниҳод намуд, ки “харитаи роҳ” таҳия карда шавад, ки ба кушодани донишгоҳҳои нав ва марказҳои таълими касбӣ, дастгирии коркардҳои инноватсионӣ ва стартапҳо нигаронда шудаанд.

Дурнамои васеи шарикӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ алоҳида қайд карда шуд. Ҳамчун яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ дар соҳаи рақамисозӣ, Ҳиндустон дар рушди саноати ватании IT саҳми бузург мегузорад.

Ташаббус дар бораи қабули Барномаи ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба рушди инноватсияҳои рақамӣ, технологияҳои финтех ва блокчейн, киберхавфият ва тайёркунии кадрҳо, аз ҷумла дар пойгоҳи платформаҳои мавҷуда пешниҳод карда шуд.

Сарвари давлатамон ба сифати авлавияти дуюми муҳими стратегӣ муайян намудани амиқсозии шарикии иқтисодиро пешниҳод намуд.

Солҳои охир гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон қариб ду баробар афзуда, шумораи корхонаҳои муштарак ба 400 адад расид. Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, ҳамкориҳои байни вилояти Андиҷон ва иёлати Гуҷарат бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии робитаҳои мустақим дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳо, муайян кардани нуқтаҳои нави рушд дар соҳаи сармоягузорӣ ва тиҷорат аҳамияти суръат бахшидан ба фаъолияти Шӯрои соҳибкорони “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” қайд карда шуд.

Президенти Ӯзбекистон бартарияти масоили иртиботи муассири нақлиётиро миёни кишварҳои минтақа ва бунёди инфрасохтори замонавӣ таъкид кард.

Пешниҳод дар бораи роҳандозии механизми мулоқотҳои бисёрҷонибаи вазирони нақлиёт бо мақсади таҳияи барномаи рушди шабакаи бандарҳои “хушк”, пешниҳоди тахфиф ва тарифҳои имтиёзнок, соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар ҳамлу нақли бор дастгирӣ ёфт.

Ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҳиндустон ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи самаранокии энергия ва рушди “сабз” таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Пешниҳод шуд, ки масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин соҳа дар рафти Форуми байналмилалӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар минтақаи баҳри Арал баррасӣ шаванд.

Соҳаи фарҳангию гуманитарӣ самти сеюми афзалиятнок номида шуд. Зарурати таҳияи Барномаи муштараки чорабиниҳо, ки ҳамкории осорхонаҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва конфронсҳо, рақамикунонии фонди дастнависҳо ва ташкили китобхонаи виртуалӣ, омӯзиши мероси муштараки таърихию бостоншиносиро пешбинӣ мекунад, қайд карда шуд.

Дар соли ҷашни 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҳиндустон инчунин пешниҳод шуд, ки дар мамлакатҳои минтақа фестивалҳои маданият ва кинои Ҳиндустон гузаронда шаванд.

Сарвари давлатамон ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, ки идома дорад, алоҳида истода гузашт. Аҳамияти андешидани тадбирҳо ҷиҳати таҳкими суботу амният, ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар ва пешбурди лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ таъкид шуд.

Дар суханронии худ роҳбари Ӯзбекистон Сарвазир Нарендра Модӣ ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ ва 75-солагии истиқлолияти кишвар табрик гуфт.

Сарони дигар ҳайатҳо дар суханрониҳои худ ҳамчунин имкониятҳои васеи густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкории минтақавӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ қайд намуданд.

Бинобар ҷамъбасти  ҳамоиш Эъломияи Деҳлӣ қабул гардид, ки дар он бархӯрдҳои муштарак ба масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии бисёрҷанбаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд муайян карда шудаанд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: