ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ЭЪТИБОРНОМАҲОИ САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 сентябр эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори дар мамлакатамон навтаъиншудаи Ҷумҳурии Белорус Леонид Маринич, Малайзия Ҳендӣ Ассан ва Туркманистон Язгулӣ Маммедовро қабул кард.

Сарвари давлатамон сафиронро бо оғоз ёфтани миссияи дипломатиашон самимона муборакбод гуфта, ба онҳо дар иҷрои ин кори шарафнок ва масъулиятнокашон комёбиҳои бузург таманно намуд.
Алоҳида қайд гардид, ки имрӯз дар Ӯзбекистон, ки манфиатҳои инсон арзиши баландтарин ба ҳисоб меравад, ислоҳоти васеъмиқёс ва дигаргуниҳое, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифта, ба бунёди давлати демократии иқтисодиёташ бозаргонӣ ва ташаккули ҷамъияти пурқудрати шаҳрвандӣ нигаронда шудаанд,  амалӣ мегарданд.
Қайд гардид, ки самараи муҳими тағйиротҳои мазкури таърихӣ дар сиёсати хориҷӣ низ равшан ба назар мерасанд. Ба туфайли мустаҳкам гардидани дӯстӣ ва ба роҳ монда шудани шарикии стратегӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа муҳити комилан нави сиёсӣ ташаккул ёфта, муносибатҳои боварии тарафайн ва некҳамсоягӣ мустаҳкам гардид ва барои васеъ гардондани ҳамкории муфид ва конструктивӣ имкониятҳои бузург фароҳам меоянд.
Равобити тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кооператсионӣ, маданиву инсонпарварӣ фаъол ривоҷ меёбанд.
Муносибати дуҷонибаи Ӯзбекистон бо бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз он ҷумла давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ, инчунин созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва институтҳои молиявӣ ба зинаи сифатан нав баромад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нутқи худ доир ба пешомади минбаъд амиқгардонии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории амалӣ бо мамлакатҳое, ки сафирони навтаъиншударо пешниҳод менамоянд, истода гузашт. 
Таъкид гардид, ки дар мамлакатамон ба пайваста васеъ гардондани ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Белорус аҳамияти муҳим дода мешавад.
Соли ҷорӣ муомилоти мол байни ду мамлакат қариб чор баробар афзуд. Дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт лоиҳаҳои муштараки кооператсия бомуваффақият татбиқ мегарданд. Ало-қаҳои интенсивии байниминтақавӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи гуманитарӣ фаъол гардид.
Сарвари давлатамон изҳори боварӣ намуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ саҳифаи навро боз менамояд.
Ӯзбекистон аз ба роҳ мондани ҳамкории сернақша бо Малайзия манфиатдор мебошад. 
Муҳим будани рушди мулоқоти сиёсӣ, татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдо, сармоя, инноватсия, энергетика, нақлиёт, тиб ва дигар самтҳо қайд гардид.
Барои ҳамкории пурсамар дар соҳаи сайёҳӣ, хусусан бино бар рушди сайёҳии зиёратӣ иқтидорҳои бузург боз мегарданд. 
Президенти мамлакатамон алоҳида таъкид намуд, ки ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон муносибатҳои наздики дӯстӣ ва некҳамсоягӣ ба таври анъанавӣ ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шуданд.
Ташрифи давлатии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон, ки бомуваффақият гузашт, дар рушди равобити дуҷониба воқеаи таърихӣ гардид.
Мувофиқи созишномаҳои дараҷаи олӣ ҳамкории Ӯзбекистону Туркманистон дар чунин соҳаҳо, мисли савдо, нақлиёт ва тронзит, энергетика, кишоварзӣ васеъ мегарданд. Алоқаҳои корӣ ва мубодилаҳои гуманитарии байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ фаъол гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он изҳори  боварӣ намуд, ки таҷрибаи ғанӣ, дониш ва фаъолияти пурсамари дипломатии сафирони навтаъиншуда ба мустаҳкам кардани муносибатҳои ҳамаҷониба ва амиқсозии шарикии муфид мусоидат менамояд.
Дар навбати худ, сафирони навтаъиншуда ба сарвари давлатамон барои пазироии гарму ҷӯшон миннатдории амиқ изҳор намуда, қайд карданд, ки тамоми қувваашонро ба рушди ҳамкории васеъмиқёс ва ба ҳамдигар муфиди байни мамлакатҳоямон сафарбар менамоянд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: