Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард

Дар маросими тантанавӣ, ки 12 апрел баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эътимодномаи сафирҳои фавқулодда ва фухтори Давлати Фаластин Ҷавид Аввада, Ҷопон Такаши Хатори, Давлати Қатар Ҳасан Ҳамза Ҳошим, Ҷумҳурии Словакия Виктор Баретски ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Аҳмад Фарукро қабул кард.

Сарвари давлатамон сарони навтаъини намояндагони дипломатиро самимона истиқбол намуда, онҳоро бо оғози фаъолияташон дар Ӯзбекистон табрик гуфт.

Президент дар суханронии худ қайд намуд, ки Ӯзбекистони Нав, ки сиёсати хориҷиии кушод ва прагматикӣ пеш мебарад, дар арсаи байналмилалӣ ба марҳилаҳои нав мерасад, бештар дӯстону шарикони боэътимод пайдо менамояд. Дар мамлакат сафоратхонаҳои нав кушода шуда, ҷуғрофияи ҳузури дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷӣ васеъ мегардад. Чанде пеш дар Шветсия ва Венгрия сафоратхонаҳои ин кишвар кушода шуданд ва намояндагии дипломатии Давлати Қатар дар Тошканд ба кор шурӯъ кард.

Сарвари Ӯзбекистон дар бораи раванди навсозии кишвар сухан ронда, алоҳида дар бораи моҳият ва мақсадҳои ислоҳоти солҳои охир оид ба бунёди давлати ҳуқуқии демократӣ, рушди ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ дар асоси тамоюли «инсон – ҷамъият – давлат» истода гузашт.

Чунин дигаргуниҳои азим ислоҳсозии куллии мамлакат, собитқадамона ба амал баровардани маҷмӯи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маъмуриро тақозо менамояд. Қадами бузург дар ин самт раванди навсозии Конститутсия мутобиқи воқеияти Ӯзбекистони Нав мебошад.

Президент Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки дар рафти кор дар болои таҳрири нави Қонуни асосӣ муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ гузаронда, пешниҳоди мутахассисони пуртаҷриба ва олимон, шарикони хориҷӣ, институтҳои байналмилалии соҳавӣ ва марказҳои таҳлилӣ ба назар гирифта шуданд.

Раҳбари Ӯзбекистон афзудани аҳамияти рӯзафзуни пешбурди сиёсати хориҷиро алоҳида қайд намуд, ки ба эътимод ва эҳтироми мутақобила бо тамоми кишварҳо асос ёфтааст, дар вазъияти мураккаби байналмилалӣ, бо афзоиши ихтилоф ва низоъҳо тавсиф мегардад. Чи хеле ки қайд гардид, кишвари мо шарикиро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои ҷаҳонии молиявӣ амиқ мегардонад, раисиро дар Созмони давлатҳои туркӣ самарабахш амалӣ менамояд ва бори аввал соли равон ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодиро қабул мекунад. Баргузор намудани беш аз 10 чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

– Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки шарикӣ боз ҳам самимонатар барои аҳли ҷамъияти ҷаҳон гардем. Дар ин бобат мо иродаи сиёсӣ, азму иродаи қавӣ ва аз ҳама муҳимаш имконияту иқтидори кофӣ дорем, – изҳор кард Президент.

Дар рафти ин маросим Сарвари давлат ба самтҳои пешомадноки рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳое, ки сафирони навтаъинро намояндагӣ мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Фаластин яке аз шарикони анъанавии Ӯзбекистон дар Шарқи Наздик мебошад. Халқҳои моро дар тӯли асрҳо риштаҳои дӯстӣ, арзишҳои умумии динӣ ва фарҳангӣ бо ҳам зич мепайвандад.

Мавҷудияти иқтидори назаррас барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва бофандагӣ қайд гардид.

Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади инкишоф додани мубодилаи ба ҳамдигар фоидабахш ба мамлакати мо сафари намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва корхонаҳои хусусии Фаластин ташкил карда шавад.

Сарвари давлатамон ба сафири Ҷопон муроҷиат намуда, таъкид кард, ки Токио шарики стратегии бо мурури замон озмудашудаи Ӯзбекистон буда, муносибатҳо бо он дар рӯҳияи боварӣ инкишоф меёбанд.

Бо камоли қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки Ҷопон дар таҷдиди технологии иқтисодиёт, саноат ва инфрасохтори мамлакати мо фаъолона иштирок мекунад. Ҳамоиши Ӯзбекистону Ҷопон, ки моҳи декабри соли 2019 баргузор гардида, барои ҳамкории дарозмуҳлат асоси мустаҳкам гузошт, рӯйдоди таърихӣ гардид.

Мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва байни вазоратҳо мавҷуд будани манфиатдории баланди ҷонибҳоро ба густариши ҳамкориҳои амалӣ нишон медиҳанд. Дар идомаи пайвастаи ҳамкориҳои ду кишвар чорабиниҳои бисёрҷонибаи ба нақша гирифташуда, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, инчунин муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» аҳамияти муҳим доранд.

Давлати Қатар кишвари дӯсти наздик буда, на танҳо дар байни дунёи арабу мусулмон, балки дар тамоми ҷаҳон нуфуз ва таъсири бузург дорад.

Президент ба комёбиҳои бузурги Қатар таҳти роҳбарии Амир Шайх Тамим бин Ҳамад Сл-Сонӣ баҳои баланд дода, бо баргузории бомуваффақияти Ҷоми ҷаҳони футбол ва конфронси байналмилалии СММ оид ба кишварҳои суст тараққикарда дар Доха табрик гуфт.

Сарвари давлатамон дурнамои ҳамкориҳоро арзёбӣ намуда, мавҷудияти имконитҳои бузурги потенсиалиро қайд намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқоти дарпешистодаи Ӯзбекистону Қатар дар роҳи ба сатҳи сифатан нави баланд бардоштани муносибатҳои ду кишвар қадами таърихӣ хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, маъдан, кимё, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳии экологӣ ва дорусозӣ дар таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳамияти бузург хоҳанд дошт.

Ӯзбекистон дар Словакия яке аз шарикони ояндадор дар Иттиҳоди Аврупоро бо иқтидори бузурги иқтисодӣ мебинад.

Президент аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Словакия, ки ба тамоюлҳои дӯстӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтаанд, пайваста ривоҷ ёфта, бо лоиҳаҳои нав ва барномаҳои амиқ ғанӣ мегарданд.

Дар ин бобат дар тӯли ду сол баланд шудани ҳаҷми савдои тарафайн ва ду баробар афзудани миқдори корхонаҳои муштарак далолат медиҳад.

Ӯзбекистон аз татбиқи муштараки лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла бо иштироки ширкатҳои бонуфузи соҳаҳои тиббӣ, дорусозӣ ва кимё манфиатдор аст.

Муносибатҳо бо Покистон, ки иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии он пайваста меафзояд, ба шарофати робитаҳои мунтазами роҳбарони ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо бо суръати тез инкишоф меёбанд. Харитаи роҳ оиди дар рӯзҳои наздик то ба 1 миллиард доллар афзун гардондани ҳаҷми савдои тарафайн қабул гардид.

Таъкид шуд, ки талошҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, аз ҷумла оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғон ба таҳкими робитаи байниҳамдигарии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хидмат хоҳад кард.

Сарвари давлати мо ҷониби Покистонро барои дастгирии ташаббус оиди созмон додани Гурӯҳи байналмилалии гуфтушунид оид ба Афғонистон таҳти сарпарастии СММ изҳори сипос намуд.

Дар анҷоми суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳбарони тозатайини намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар фаъолияти масъулиятнокашон муваффақият таманно намуд.

Дар доираи чорабинӣ бо ҳар як сафир суҳбати кутоҳе сурат гирифт. Дипломатҳои хориҷиӣ аз номи шахсони аввали кишварҳое, ки намояндагӣ мекунанд, ба сарвари давлат ва мардуми Ӯзбекистон саломи самимӣ ва суханони эҳтиромона расонданд.

Онҳо барои фароҳам  овардани шароит ҷиҳати иҷрои рисолати дипломатии онҳо дар кишвари мо, инчунин барои истиқболи самимӣ ва таваҷҷуҳи хоса дар чорабинии имрӯза изҳори миннатдории амиқ намуданд.

Сафирон таъкид карданд, ки пешниҳоду ташаббусҳои мушаххаси ба миёнгузоштаи Сарвари давлат дар густариши муносибатҳои мутақобилан судманд аҳамияти бузурги амалӣ доранд ва изҳори омодагӣ карданд, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарикии самарабахш бо Ӯзбекистон тамоми неру ва таҷрибаи худро сафарбар менамоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: