Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътимодномаҳоро аз сафирони навтаъини хориҷӣ қабул кард

20 сентябр маросими мутантани супурдани эътимодномаҳо ба сафирони навтаъини хориҷӣ дар кишвари мо баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эътимодномаҳоро аз сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Смита Пант, Ҷумҳурии Куриё Вон До Ён, Муғулистон Дааданхуу Батбаатар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Манфред Хутерер, Давлати Исроил Гидион Лустиг ва  Иттиҳоди Аврупо Тойво Клаар қабул кард.

Сарвари давлати мо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷиро бо оғози расмии фаъолияти фахриву масъулиятноки онҳо муборакбод намуд.

Таъкид шуд, ки алҳол дар шароити вазъи ноором ва зудтағйири ҷаҳон аҳамияти вазифаи ифтихории сафирон, ки нафақат ба пешбурди манфиати кишварҳои худ, балки ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳои мо нигаронида шудаанд, беш аз пеш афзун мегардад.

Президент зикр кард, ки дар натиҷаи сиёсати ошкоро, пурмуҳтаво ва рӯшоди сиёсӣ нуфуз ва обрӯйи Ӯзбекистони Нав дар арсаи байналхалқӣ торафт меафзояд.

Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо ташаббуси мамлакати мо қабул гардидани зиёда аз 10 оинномаи махсус, аз ҷумла танҳо дар соли равон 4 ҳуҷҷати муҳим исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷаҳонӣ иқтисодиёти Ӯзбекистон инкишоф меёбад, ки бинобар пешгӯии Бонки умумиҷаҳонӣ соли равон 5,3 фоизро ташкил хоҳад дод. Мувофиқи маълумоти Бунёди байналхалқии асъор тибқи натиҷаи соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бори аввал аз 100 миллиард доллар гузашт.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ дар Париж арсаи рекордҳо ва комёбиҳои бесобиқаи варзишгарони ҷавони мо гардиданд, ки дар таърихи варзиши мамлакат саҳифаи навро боз намуданд.

– Ҳамаи ин натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёсе мебошад, ки бебозгашт гардид, – таъкид кард роҳбари давлат.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсати бунёди ҷомеаи демократиро дар пояи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», озодкунии иқтисодиёт, бозсозии саноат ва инфрасохтори иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои тиҷорат ва сармоягузорон идома медиҳад.

Вобаста ба ин, интихобот ба Олий Маҷлис ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ, ки моҳи оянда баргузор шуда, мувофиқи Сарқонуни навқабулшуда бори аввал дар пояи низоми омехтаи интихоботӣ гузаронида хоҳад шуд, махсус таъкид гардид.

Ғайр аз ин, ба намояндагии кишварҳое, ки роҳбари ҳайатҳои дипломатӣ мебошанд ва ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аъзо шудани Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунанд, миннатдорӣ изҳор гардид.

Президенти Ӯзбекистон ба сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон Смита Пант муроҷиат карда, бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки ба шарофати иродаи мустаҳками сарони ду мамлакат муносибатҳои шарикии стратегии байни кишварҳои мо ба дараҷаи нав бардошта шуданд.

Аз оғози соли нав мубодилаи дуҷонибаи мо 30 фоиз афзуд, миқдори корхонаҳои муштарак, хатсайрҳои авиатсионӣ меафзояд, мубодилаи сайёҳӣ вусъат меёбад, робитаҳои байниминтақавӣ мустақимона пеш мераванд.

Дар Ӯзбекистон чаҳор бахши донишгоҳҳои Ҳиндустон бомуваффақият амал мекунанд.

Аз ҷониби роҳбари давлати мо зарурияти дар ояндаи наздик то ба 1 миллиард доллар расондани ҳаҷми савдои тарафайн таъкид гардид. Дар ин маврид ба зиёд кардани лоиҳаҳои ҳамкории амалии тарафайн дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, инноватсияҳо, IT, нигаҳдории тандурустӣ, доруворӣ, саноати кимиё, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, сайёҳӣ ва самтҳои дигари афзалиятнок эътибори махсус дода шуд.

Имконияти баланди рушди алоқаҳои байнипарлумонӣ ва идома додани мулоқот дар шакли «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» таъкид шуд.

Сарвари Ӯзбекистон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Куриё барои мо шарики махсуси стратегии аз имтиҳони вақт гузашта ва дӯсти наздик дар Осиё ба шумор меравад.

Ҳангоми ташрифи давлатии Президент Юн Сок Ёл ба Ӯзбекистон бобати оғози давраи нави ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву куриёӣ муоҳида ба имзо расид. Ба мақсади бунёди саноат ва инфрасохтори замонавӣ дар кишвари мо модели шарикии баландтехнологӣ ва инноватсионӣ ҷорӣ мегардад.

Ҳаҷми савдои тарафайн 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Зиёда аз 700 корхонаи муштарак бомуваффақият амал мекунанд, маҷмӯи лоиҳаҳои нави сармоявӣ ба 10 миллиард доллар расид.

Дар Ӯзбекистон бахшҳои як қатор донишгоҳҳои машҳури куриёӣ, марказҳои таълими касбӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ кушода шуданд, таҷрибаи пешқадами ташкили низоми таълими томактабӣ бомуваффақият ҷорӣ гардид, дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ лоиҳаҳои бузург муштаракона татбиқ мешаванд.

– Поликлиникаи бачагона, Хонаи маданият ва санъати Куриё, хиёбони Сеул ва кӯча дар шаҳри Тошканд тимсоли равшани дӯстии мустаҳками мо гардиданд, намояндагони куриёӣ тақрибан 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки қисми ҷудонопазири халқи сермиллати Ӯзбекистон буда, ба пешрафти мо саҳми назаррас мегузоранд, таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

Зарурияти ҳамаҷониба татбиқ сохтани нақшаҳои стратегии ҳамкорӣ бо ширкатҳои машҳури Ҷумҳурии Куриё дар соҳаи минералҳои нодир, нимноқилҳо, саноати кимиё, энергетикаи «сабз», мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқи «оқил» ва нақлиёт, ҳамчунин муҳимияти минбаъд фаъолтар кардани робитаҳои парлумонӣ ва байниминтақавӣ, вусъат додани ҳамкориҳои башардӯстона, рушди механизмҳои бисёрҷанбаи шарикӣ таъкид карда шуд.

Роҳбари давлати мо ба Сафири Муғулистон муроҷиат намуда, қайд сохт, ки ташрифи давлатии ба қарибӣ анҷомдодаи Президент Ухнаагийн Хурэлсух ба Ӯзбекистон дар муносибатҳои муфиди тарафайни ӯзбекистониву муғулистонӣ саҳифаи навро боз намуд.

Дар Тошканд сафоратхонаи Муғулистон ба кор сар кард. Савдои тарафайн аз оғози соли равон ду барбар афзуд. Робитаҳои байни вазорату идораҳои мухталиф фаъолтар гардиданд.

Зарурияти бечунучаро иҷро шудани муоҳидаҳои баимзорасида, аз ҷумла, бобати қабул гардидани Муоҳида дар бораи савдои преференсиалӣ, иштирок дар азхудкунӣ ва коркарди конҳои фоиданок, татбиқсозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, пӯст, бофандагӣ, саноати доруворӣ ва тиббиёт, ба роҳ мондани мубодилаи бевоситаи авиатсионӣ, вусъат додани барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.

Сарвари Ӯзбекистон изҳор дошт, ки Олмон, ки аз кишварҳои пешқадами ҷаҳон ба шумор рафта, иқтидори бузурги зеҳниву иқтисодӣ дорад, шарики муҳим ва дарозмуҳлати Ӯзбекистон дар Аврупо ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки ду ташрифи дараҷаи олӣ ба Олмон дар соли гузашта, ҳамчунин сафари расмии Канслери Федералӣ Олаф Шолс ба Ӯзбекистон дар таърихи муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву олмонӣ ибтидои даврони нав ва воқеаи асосӣ гардиданд.

Солҳои охир ҳаҷми савдои тарафайн ва миқдори корхонаҳои муштарак ду баробар зиёд шуданд, азхудкунии сармоя бошад, 10 баробар афзуд.

Бо ширкат ва бонкҳои машҳури Олмон лоиҳаҳои муштарак ба маблағи 9 миллиард евро коркард мешаванд.

Механизмҳо барои вусъат додани ҳамкорӣ бо ширкатҳо, аз ҷумла, Siemens, Linde, BASF, MAN, CLAAS, Henkel, Knauf, Papenburg, Deutsche Bahn ва ғайра ҷорӣ мегарданд, Барномаи шарикии саноатӣ ва технологӣ қабул шуд.

– Баробари ин, мо дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ, таълимӣ, муҳоҷират ва ҳамкории сайёҳӣ натиҷаҳои бештарро интизорем, – таъкид намуд Президенти кишвари мо.

Президент ҳамчунин изҳор дошт, ки ташаббусҳои ба амиқсозии шарикии стратегии минтақавӣ нигаронидашударо, ки дар ҷараёни ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ – Олмон» ба қарибӣ дар Остона баргузор гардид, дастгирӣ менамояд.

Сарвари Ӯзбекистон зикр сохт, ки Исроил шарики муҳими иқтисодии Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Соли гузашта ҳаҷми савдо 2 баробар зиёд гардид, дар мамлакати мо анқариб 120 корхона бо иштироки  сармояҳои Исроил амал мекунанд.

Яҳудиёни Бухоро, ки аз қадимулайём дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ доштанд, то ҳол ба сифати ҳалқаи  байни халқҳои мо нақши мустаҳкам мебозанд.

Президент мавҷудияти имкониятҳои зиёди ҳамкории дуҷонибаро таъкид кард, аз ҷумла манфиатдорӣ аз рушди шарикӣ дар соҳаҳои инноватсионӣ, хоҷагии қишлоқ ва оби «оқил», технологияҳои сарфакори захираҳо, доруворӣ ва нигаҳдории тандурустӣ зикр шуд.

Роҳбари давлати мо ҷонибдории қатъии Ӯзбекистонро аз танзими ҳарчи зудтару одилонаи вазъият дар Шарқи Наздик бо истиқрори сулҳу эътидоли мустаҳкам бинобар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби умум эътирофшуда таъкид сохт. Соли равон 30-юмин солгарди ба роҳ монда шудани муносибатҳои дипломатӣ қайд мегардад.

Миқдори сафарҳои дараҷаи олӣ меафзояд, шарикии стратегӣ бо як қатор давлатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шудааст, мубодилаи мол бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо соли гузашта 30 фоиз афзуд.

Дар соҳаҳои иқтисодиёти «сабз», энергетикаи муқобил, саноати баландтехнологӣ, сармояҳо, захираҳои минералӣ, кишоварзӣ, экология, илм ва таълим лоиҳаҳои бузурги муштарак татбиқ мегарданд.

Зикр шуд, ки ҳарчи зудтар ба имзо расидани муоҳида оид ба вусъат додани шарикӣ ва ҳамкорӣ ба минбаъд амиқсозии муносибатҳои мо хидмат хоҳад кард.

– Мо ният дорем бо ҷониби Аврупо бинобар чунин самтҳои рӯзмарра, аз ҷумла фаъолтар кардани робитаҳои сиёсӣ, идома додани мулоқоти рӯшоду пурмуҳтаво бинобар масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва таҳкими идораҳои демократӣ, дарёфти «нуқтаҳои рушд» дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармояҳо, нақлиёт ва коммуникатсия, сабуктар сохтани режими равобит барои сафарҳои тарафайни шаҳрвандони мо ҳамкорӣ кунем, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

Ҳамчунин ҳамкории доманадори Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ қайд карда шуд. Вобаста ба ин сарвари давлати мо дар бораи тайёрӣ барои гузаронидани ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо», ки соли оянда  дар шаҳри Самарқанд бояд баргузор шавад, иттилоъ дод.

Дар анҷоми маросим Президенти Ӯзбекистон ба сафирони навтаъиншуда дар фаъолияти ифтихорӣ бори дигар комёбиҳои бузург дархост, тавсия дод, ки бо натиҷаи корҳои созандагии ислоҳот, бахусус дар ноҳия ва деҳоти дурдасттарини кишвари мо аз наздик шинос шаванд.

Дипломатҳои хориҷӣ, дар навбати худ барои қабули самимӣ ва шароитҳое, ки баҳри самарабахш татбиқ намудани фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуда, ба ҳамаҷониба мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва бисёрҷанбаву татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона гардидаанд, миннатдорӣ баён карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: