ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ФАРМОНДЕҲИ ҚУШУНҲОИ ХУШКИГАРДИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 апрел ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро зери сарпарастии фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди ин мамлакат, генерал-лейтенант Қамар Ҷовид Баҷва қабул кард.

Меҳмонро хайрамақдам гуфта, роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки вохӯрии мазкур боз як далели дар солҳои охир муттасил рушд ёфтани муносибати гуногунҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Покистон ба шумор меравад, ки ба принсипҳои дӯстӣ, шарикӣ ва дастгирии ҳамдигар ва ҳамчунин муштаракоти таърихӣ ва динӣ, қаринии анъана ва арзишҳои маънавӣ асос меёбад.
Фаъолгардии робитаҳои сиёсӣ дар дараҷаҳои гуногун таъкид гардид. Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ васеъ гардид: ҳаҷми табодули амволи тарафайн афзуда, ширкат ва соҳибкорони ду мамлакат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҷанбаҳои мошинсозии кишоварзӣ, дорусозӣ, бофандагӣ, саноати чарму хӯрокворӣ ва ғайраи иқтисодиёт омодагӣ доранд. Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Покистон кори худро шурӯъ намуд.
Аз моҳи апрели соли гузашта парвози Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аз рӯйи хати Тошканд – Лоҳур – Тошканд барқарор гардид.
Табодули маданиву гуманитарӣ ва сайёҳӣ, аз он ҷумла дар доираи барномаи сайёҳии зиёратӣ ба мамлакатамон инкишоф меёбад.
Зимни мулоқот дар заминаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи муфид, аз он ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва ғайраи иқтисодиёт табодули фикр ба вуқӯъ пайваст.
Истиқболи ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои ҳарбӣ ва ҳарбиву техникӣ, ҷанбаҳои муҳими муқовимат ба таҳдид ба бехатариву субот ва ситезаҳои имрӯз дар минтақа ва ҳамчунин ҳаллу фасли сулҳомези вазъият дар Афғонистон муҳокима гардиданд.
Меҳмон ба роҳбари давлат барои пазироии гарм миннатдории амиқ изҳор намуд ва паёми самимиро аз номи Президенти Покистон Мамнун Ҳуссейн тақдим кард.
Генерал Қ. Баҷва ислоҳоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар заминаи такомули Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкамсозии қудрати муҳофизавии мамлакат олӣ арзёбӣ намуд.
Дар бобати ҷамъбасти амалии Анҷумани байналхалқӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, дастгирии комил изҳор гардид.
Дар поёни гуфтугӯ фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Покистон бори дигар омодагии ҷониби Покистонро барои минбаъд васеъ намудан ва мустаҳкамсозии ҳамкории фарогир бо Ӯзбекистон собит намуд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: