ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОНРО БО ҶАШНАШ ТАБРИК КАРД

6 июл суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

6 июл суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. 
Дар оғози суҳбат сарвари Ӯзбекистон Нурсултон Абишевич Назарбоевро бо ҷашн самимона муборакбод намуда, ба ӯ аз таҳти дил саломатии мустаҳкам, некӯҳолӣ ва комёбиҳои нав орзу кард. 
Нақши таърихии Элбаси барои  пойдории Қазоқистони кунунӣ, пешрафти институтҳои муқтадири идораи давлатӣ ва низоми тайёркунии кадрҳои миллӣ, татбиқсозии ислоҳоти самарабахши иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба баланд бардоштани рақобатбардории мамлакат, афзудани обрӯи байналхалқии он ва аз ҳама муҳимаш, таъминшавии дараҷаи баланди ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид гардид.
Таъкид гардид, ки яке аз ташаббусҳои бузурги бомуваффақият татбиқшудаи Элбаси – ташкили пойтахти нави мамлакат – шаҳри Нур-Султон мебошад, ки рӯнамои Қазоқистони мунтазам инкишофёфтаистода ба шумор меравад. 
Ташаббусҳои Нахустин Президенти Қазоқистон оид ба таъминсозии амният ва эътидоли ҷаҳонӣ, танзими сулҳхоҳонаи зиддиятҳо дар минтақаҳои гуногун, амиқсозии қаробат ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ васеъ эътироф гардидаанд. 
Нурсултон Назарбоев дар таҳкими муносибатҳои бародарона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон шахсан саҳми бузург гузошт. 
Алҳол ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳои мо аз ҳисоби барнома ва лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, энергетикӣ, аграрӣ, нақлиётиву логистикӣ, таълим ва дигар самтҳои бартаринок мунтазам инкишоф меёбанд ва вусъат пайдо мекунанд. 
Дар ҷараёни мулоқоти телефонӣ онҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва сиёсати байналхалқиро баррасӣ карданд. Муҳимияти идома додани қаробати қарин ва ҳамкориҳоро бинобар мубориза ба муқобили паҳншавии бемории коронавирус, коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба татбиқсозии ҳамкориҳои муфиди тарафайн таъкид намуданд. 
Суҳбат дар муҳити гарм, ошкоро ва дӯстии анъанавӣ баргузор шуд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: