ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛАТИ БУЗУРГИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯРО ҚАБУЛ КАРД

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Маҷлиси миллати бузурги Ҷумҳурии Туркия Бинали Йилдиримро пазируфт, ки бо сафари расмӣ ба мамлакати мо омадааст.

Роҳбари давлат меҳмонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саъю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои қарини анъанавӣ ва дӯстонаи ӯзбекистониву туркиягӣ ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шуданд. 
Махсус қайд гардид, ки гуфтушунидҳои сермаҳсул дар сатҳи олӣ, ки дар ҷараёни сафарҳои давлатӣ тирамоҳи соли гузашта ба Туркия ва баҳори соли равон дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайвастанд ва ҳуҷҷатҳои муҳими дар анҷоми ин мулоқот ба имзо расида имкон доданд, барои афзун кардани ҳамкориҳои амалии тарафайн дар соҳаҳои гуногун асоси мустаҳкам гузошта шавад. 
Робитаҳои сиёсӣ фаъолона инкишоф меёбанд. Барнома ва лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ бо ширкату бонкҳои пешқадами Туркия дар соҳаҳои савдо, сармояҳо, энергетика, инфрасохтор, нақлиёт, сайёҳӣ, саноати бофандагӣ ва саноати хурокворӣ, ҳамчунин ҷанбаҳои дигар татбиқ мегарданд. 
Ташкил гардидани зиёда аз 230 корхонаҳои муштараки ӯзбекистонию туркиягӣ аз ибтидои соли равон шаҳодати афзудани рағбати тоҷирони Туркия барои кор дар бозорҳои Ӯзбекистон ба шумор меравад. Мубодилаи тарафайни мол дар ин давра беш аз 40 фоиз афзуд.
Табодули маданиву инсонпарварӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таълим ва сайёҳӣ вусъат пайдо мекунанд.
Робитаҳои байнипарлумонӣ дар рушди мустақим ва мустаҳкам шудани муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим доранд. Мубодилаи мунтазами ҳайати мақомоти қонунгузории кишварҳои мо мушоҳида мегардад.
Дар Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси миллати бузурги Ҷумҳурии Туркия гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ бомуваффақият амал мекунанд. Бинобар рушди ҳамкорӣ меморандум ва «Харитаи амалиёт» қабул шуданд. 
Дар ҷараёни суҳбат муҳимияти татбиқи амалии муоҳидаҳои имзошуда ва шартномаҳои қабулгардида бинобар натиҷаи вохӯриҳо дар сатҳи олӣ, ҳамчунин дастгирии фаъоли масъалаҳои пешбурди барнома ва лоиҳаҳои ҳамкории тарафайни депутатҳо зикр шуд.
Бинали Йилдирим ба Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор карда, салому паёмҳои беҳтарини Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғонро расонид.
Меҳмон ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ҷониби Туркия тайёр аст дар татбиқсозии лоиҳаҳои пешомадноке, ки ба бозсозии иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоии мамлакати мо нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба кӯмак расонад.
Дар ҷараёни мулоқоти пурмуҳтаво ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарикии дарозмуҳлати стратегӣ таъкид гардид.

ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: