ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 май Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҷамъомади якуми Комиссияи муштараки дараҷаи сарони ҳукуматҳо ба мамлакати мо омадааст, қабул намуд.

Роҳбари давлат меҳмони олиқадрро самимона хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандии амиқ рушди муттасил ва таҳкими мустақими муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқиро қайд сохт.
Дар навбати худ Раиси Ҳукумати Русия ба Президенти Ӯзбекистон барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ баён намуда, салому паёмҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мулоқоти мунтазам ва пурмуҳтавои дараҷаи олӣ, татбиқи муштараконаи муоҳидаҳои сафари давлатии Президенти Русия ба кишвари мо, ки моҳи октябри соли гузашта баргузор шуда буд, ба вусъатёбии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву русиягӣ мусоидат карданд, онро бо барномаҳои мушаххас ва лоиҳаҳои амалии тарафайн пурра намуданд.
Фаъол шудани робитаҳо ва мубодилаи тарафайн махсус таъкид гардид. Ҳаҷми мубодилаи мол меафзояд, «гузаргоҳи сабз» ҳангоми расонда додани маҳсулоти кишоварзӣ самарабахш амал мекунад, режими соддаи гумрукӣ барои расондани молҳои дӯзандагӣ ба бозорҳо ҷорӣ гардидааст.
Дар доираи Барномаи дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат лоиҳаҳои бузурги сармоявии арзиши умумиашон зиёда аз 13 миллиард доллар татбиқ мешаванд.
Алҳол дар Ӯзбекистон ширкат ва бонкҳои бузурги Русия, аз ҷумла «Газпром», «Лукойл», «Форус», «Татнефт», «Мошинҳои пурқудрат», «КамАЗ», «Гурӯҳи Евросимон», ҳамчунин «Газпромбанк», «ВЭБ» ва бисёр дигар фаъолона кор мебаранд.
Робитаҳои маданиву инсонпарварӣ мустаҳкам мешаванд. Ба қарибӣ дар кишвари мо 25-умин солгарди Маркази мадании Русия васеъ қайд гардид, Конфронси минтақавии ҳамватанони русиягӣ ва панҷумин Анҷумани байналмиллии хатмкунандагони Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав бомуваффақият гузаронида шуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рӯзмарраи минбаъд афзун гардонидани ҳамкориҳои тарафайн ва тезондани лоиҳаҳои бартариноки сармоявӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт баррасӣ шуданд.
Ба сари вақт ва босифат тайёр кардани лоиҳаи стратегии сохтмони нирӯгоҳи электрии атомӣ дар Ӯзбекистон якҷо бо Корпоратсияи давлатии «Росатом» эътибори махсус дода шуд.
Муҳимияти самарабахш ба роҳ мондани иқтидори минтақаҳои ду мамлакат барои беш аз пеш фаъолтар кардани пешбурди алоқаҳои тиҷоратӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ таъкид гардид.
Дар бораи фаъолтар кардани мубодила дар сатҳи маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираҳои корчаллон муоҳида ба имзо расид.
Масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва инсонпарварӣ низ муҳокима шуданд.
Бино бар рӯзномаи байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад.
Таъкид шуд, ки ҷамъомади аввалини Комиссияи муштарак бобати тайёрӣ ба мулоқоти дараҷаи олӣ зинаи муҳим мегардад ва имкон медиҳад самтҳои нави ҳамкориҳои муфиди тарафайн мушаххас шаванд.
Дар анҷоми мулоқот тайёрӣ ва саъю кӯшиши тарафайн ба ҳамаҷониба тезондани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии дарозмуҳлати ӯзбекистониву русиягӣ, рушди ҳамкориҳои васеъмиқёсу амалии тарафайн таъкид гардид.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: