Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 июл бо вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳо, намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, ки дар Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи тарафайни минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» иштирок доранд, мулоқот кард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 июл бо вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳо, намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, ки дар Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи тарафайни минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» иштирок доранд, мулоқот кард.
Дар мулоқот бо ноиб-президенти Комиссияи Аврупо, Вакили олии сиёсати корҳои хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Ҷозеп Боррел ба сарвари давлати мо салом ва таманноҳои беҳтарини Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ва роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейенро расонд. Вай аҳамият ва саривақтӣ будани ташаббуси ҷаҳонии пешвои Ӯзбекистонро оид ба рушди ҳамбастагии байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид кард.
Зимни мулоқот рушди босуръати шарикии Ӯзбекистон ва ИА, ки солҳои охир мушоҳида мешаванд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар соҳаи андозагирии инсонӣ ва дигаргуниҳои демократӣ, пешбурди тиҷорат, сармоягузорӣ ва инноватсия, «рушди сабз», экология, мубодилаи фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо таъкид карда шуд. Таъкид гардид, ки музокирот оид ба Созишномаи нав дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар арафаи анҷомёбист.
Оид ба рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Диққати махсус ба масъалаҳои мусоидат ба танзими осоишта дар Афғонистон дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро қабул кард.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба баррасӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сарвари давлати мо салом ва таманноҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Ба омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода дар сатҳи олӣ, пеш бурдани барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Рушди ҳамкории минтақавӣ дар заминаи шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баррасӣ гардид.
Роҳбари давлатамон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкарро қабул кард.
Роҳбари давлати мо рушди мунтазами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Ҳиндустонро мувофиқи созишномаҳое, ки дар ҷараёни робитаҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ қайд кард.
Вазир Ҷайшанкар салом ва таманноҳои Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модиро ба раҳбари Ӯзбекистон расонд.
Кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба пешбурди ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодии ин кишвар равона шудаанд, баҳои баланд гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, инноватсия, савдо, тиҷорат, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок бо ҷалби фаъоли минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.
Ба идомаи муколамаи судманд дар формати «Ҳиндустон — Осиёи Марказӣ» таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеубердиро қабул кард.
Масъалаҳои мубрами минбаъдаи таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Мухтор Тлеубердӣ ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва Нахустин Президенти Қазоқистон Елбошӣ Нурсултон Назарбоевро расонд.
Ба омодагии чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ, инчунин пеш бурдани лоиҳаҳои кооператсияи иқтисодӣ ва барномаҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Рӯзномаи минтақавӣ дар заминаи вазъи Афғонистон ва омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон аввали моҳи август баррасӣ шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро қабул кард.
Алоҳида таъкид гардид, ки ба туфайли робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Туркманистон тадриҷан мустаҳкам мешаванд.
Рашид Мередов саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба сарвари давлати мо расонд. Ташаббусҳои пешвои Ӯзбекистон оид ба рушди робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳои баланд гирифтанд.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар баррасӣ шуданд. Аҳамияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ қайд карда шуд.
Рафти омодагӣ ба Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи соли равон дар Минтақаи миллии туристии «Аваза» баргузор мегардад, муҳокима шуд.
Дар мавриди вазъи бамиёномадаи ғайриоддӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раҳбари давлатамон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро пазируфт.
Ба натиҷаҳои пурсамари сафари таърихии сатҳи олӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 июни соли равон, ки ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ хидмат карда, онҳоро бо мундариҷаи мушаххас ғанӣ гардонд, баҳои баланд дода шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин саломи бародарона ва таманноҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сарвари давлати мо расонд.
Дар мулоқот масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарии дар асоси «харитаи роҳ» қабулшуда баррасӣ шуданд.
Масъалаҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ — вазъ дар самти Афғонистон, омодагӣ ба ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президентамон муовини раиси Девони Вазирон — вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Қирғизистон Ақилбек Жапаровро пазируфт.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ақилбек Жапаров ба пешвои Ӯзбекистон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаровро расонд.
Масъалаҳои татбиқи амалии қарордодҳо ва созишномаҳои дар сатҳи олӣ моҳи марти соли равон дар саммити Ӯзбекистону Қирғизистон қабулшуда баррасӣ шуданд.
Аҳамияти пешбурди зудтари лоиҳаҳои афзалиятноки кооператсия дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, ташкили фаъолияти ширкати муштараки сармоягузорӣ таъкид шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Чавушӯғлиро қабул кард.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Туркия муҳокима шуданд.
Роҳбари давлати мо рӯҳи сермаҳсул ва интенсивии муносибатҳоро бо Туркия бо қаноатмандӣ қайд кард. Муколамаи мунтазами роҳбарони ду кишвар ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ, бо мундариҷаи мушаххас ғанӣ гардондани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунад.
Мавлуд Чавушӯғлӣ саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои Президенти Туркия Реҷеп Таййиб Эрдоғанро ба Президенти Ӯзбекистон расонд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олӣ эътибори махсус дода шуд.
Бинобар рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон мубодилаи муҳими афкор сурат гирифт.
Аҳамияти ҳамкории зич дар масоили ба даст овардани сулҳи пойдор ва барқарорсозии иқтисод дар ин кишвар қайд гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал бин Фарҳон Ал Саудро ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари давлати мо ба мушоҳида расидани рушди муназзами муносибатҳои дуҷониба - фаъол шудани муколама ва пешбурди аввалин лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика бо қаноатмандӣ қайд кард.
Вазир Файсал бин Фарҳон ба раҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва таманноҳои неки шоҳ Салмон ибни Абдул-Азиз Ал Саудро расонд, инчунин даъвати ӯро бобати бо боздиди расмӣ ташриф овардан ба Арабистони Саудӣ бори дигар тасдиқ кард.
Таъкид гардид, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳими байналмилалии Президенти Ӯзбекистон оид ба таҳкими робитаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин кӯмаки ҳамаҷониба барои ҳалли осоиштаи вазъ дар Афғонистон баҳои баланд дода, дастгирӣ мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, омода кардани чорабиниҳо ва лоиҳаҳои нав бо мақсади бо мундариҷаи мушаххас ғанӣ гардондани рӯзномаи робитаҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷӣ, вазири давлатӣ оид ба корҳои Девони Вазирони Давлати Кувайт шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ду кишварро таъкид кард. Боварӣ изҳор карда шуд, ки сафари ҳозираи роҳбари идораи сиёсати хориҷии Кувайт ба тақвияти робитаҳо ва мубодила мусоидат хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Кувайт саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои беҳтарини амири Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба раҳбари Ӯзбекистон расонд, инчунин оид ба пурзӯр гардондани ҳамбастагӣ байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори пуштибонӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва инноватсия, молия, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, маориф ва ғайра баррасӣ шуданд.
Дар бораи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба ва омода намудани барномаи муштараки чорабиниҳо дар доираи 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ созиш ба даст оварда шуд.
Мубодилаи судманди афкор оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Роҳбари давлатамон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев мулоқот кард.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, таҳкими муносибатҳои анъанавии наздик ва дӯстонаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Шоҳин Мустафоев ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, инчунин татбиқи барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ-гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.
Дар бораи дар доираи омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода дар сатҳи олӣ баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон, ташкили Форуми якуми минтақавӣ созиш ба даст оварда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро таҳти роҳбарии мушовири Президенти Иёлоти Муттаҳида Элизабет Шервуд-Рэндалл пазируфт.
Рӯзномаи кунунии дуҷониба ва масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Роҳбари давлати мо рушди босуръати муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи солҳои охири байни Ӯзбекистон ва Амрикоро бо қаноатмандӣ қайд кард.
Элизабет Шервуд-Рэндалл ба Президенти Ӯзбекистон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷозеф Байденро расонд.
Таъкид гардид, ки Маъмурияти Иёлоти Муттаҳида ба ташаббусҳои роҳбари Ӯзбекистон оид ба таҳкими робитаи байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳои баланд медиҳад.
Ғайр аз ин, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тақсимнопазирии ҳудудии кишвари мо, ислоҳоти ҷорӣ бинобар бунёди Ӯзбекистони нав, инчунин кӯшишҳо оид ба таҳкими эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ дастгирӣ карда шуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мубориза бо паҳншавии пандемия ва эмгузаронии аҳолӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи амрикоӣ баррасӣ шуданд.
Оид ба вазъи инкишофёбандаи Афғонистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Президентамон муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо (КИА) Олга Алгаероваро пазируфт.
Роҳбари давлати мо рушди босуръати шарикӣ бо муассисаҳои СММ-ро, ки дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидааст, бо қаноатмандӣ қайд кард. Барои кӯмаки Созмон дар пешбурди ислоҳот дар кишвари мо изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Олга Алгаерова салом ва суханони дастгирии Дабири кулли СММ Антонио Гутерришро ба Президенти Ӯзбекистон расонд.
Нуфузи афзояндаи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ дастгирӣ шудани ташаббусҳои Пешвои Ӯзбекистон, аз ҷумла таҳкими робитаи байниҳамдигарии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид гардид.
Вай аз қабули қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Арал, инчунин раисии Ӯзбекистон дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) истиқбол кард.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва КИА барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод, савдо ва нақлиёт, инноватсия, экология ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Абул Калам Абдул Мӯмин бинобар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сарвари давлати мо саломи самимонаи Президенти Бангладеш Абдул Ҳамид ва сарвазир Шайх Ҳасина Вазедро расонд.
Дастгирии қатъӣ ба ташаббуси Президенти Ӯзбекистон оид ба рушди ҳамбастагии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тасдиқ карда шуд.
Ба вусъат додани ҳамкориҳои амалӣ бо роҳи тақвияти мубодила, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
ӮзА.