ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ИМА-РО ПАЗИРУФТ

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА Памела Спратленро, ки кори дипломатии худро дар кишвари мо анҷом медиҳад, қабул кард.

Роҳбари давлат меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, саҳми назарраси сафири ИМА-ро дар робитаҳои мунтазам инкишофёфтаистода ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайни Ӯзбекистону Амрико таъкид намуд. 
Зикр шуд, ки алоқаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки моҳи майи соли равон ба вуқӯъ пайваст, дар муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни кишварҳои мо барои давраи нав пойдевори мустаҳкам гузоштанд. 
Бинобар тамоми масъалаҳое, ки ба онҳо ҳарду ҷониб рағбат доранд, робитаҳои пурмуҳтавои сиёсӣ ба роҳ монда шуданд. Табодули байнипорлумонӣ фаъолтар гардид. 
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вусъат пайдо мекунанд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, таълим ва фарҳанг, ҳамчунин дар сатҳи байниминтақавӣ инкишоф меёбанд. 
Сафири  ИМА ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор кард. Қайд гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рушди мустақими муносибатҳои дуҷониба аҳамияти махсус медиҳад ва қатъиян ният дорад, ки ҳамкориҳои васеъмиқёсро бо мамлакати мо минбаъд низ амиқтар намояд.
Дар анҷоми мулоқот барои саҳми бузургаш дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии байни ду давлат Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА Памела Спратлен бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: