ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВАЗИРИ МУДОФИАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 май вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро, ки дар мамлакатамон бо ташрифи расмӣ ҳузур дорад, қабул намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 май вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро, ки дар мамлакатамон бо ташрифи расмӣ ҳузур дорад, қабул намуд.
Меҳмонро гарм истиқбол намуда, роҳбари давлат барои муттасил мустаҳкам гардидани муносибати шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия ва ҳамчунин дараҷаи баланди рушди ҳамкории амалӣ аз рӯйи тамоми самтҳо, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, қаноатмандии амиқ изҳор намуд.
Хусусан тадриҷан афзудани робитаҳо ва табодули байни идораҳо, минтақаҳо ва доираҳои корчаллони ду мамлакат, татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳои ҳамкории истиқболнок дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамкории босамар дар соҳаи маданиву инсонпарварӣ махсус таъкид ёфт.
Зимни суҳбат масъалаҳои минбаъд васеъ намудани ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбиву техникии байни Ӯзбекистон ва Русия, аз он ҷумла шарикии зичи байниидоравӣ, баргузор намудани чорабиниҳои дуҷониба, тарбияи касбии кадрҳои ҳарбӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Инчунин дар бобати ҷиҳатҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Вазири мудофиа ба роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев барои пазироии хуш изҳори сипос намуд ва паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро  расонд.
Дастгирии ислоҳоти доманфарохи ҷории ҷумҳурӣ доир ба такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкамсозии қудрати мудофиавии мамлакатамон изҳори дастгирӣ баён гардид ва ҳамчунин ташаббусҳои Ӯзбекистон дар заминаи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ олӣ арзёбӣ шуд.
Омодагии ҷониби Русия барои васеъ намудан ва амиқсозии комил ва ҳамкории муфиди минбаъдаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ба хотири ду мамлакат ва халқ таъкид ёфт.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: