ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 март ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Орешкинро пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро самимона истиқбол намуда, аз рушди муназзам ва пайваста мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия, васеъ гардидани ҳамкории амалии бисёрнақша қаноатмандии амиқ изҳор кард.
Равобити мунтазам дар дараҷаи олӣ ва мулоқоти эътимодбахши байни сарони Ӯзбекистон ва Русия, интенсификатсияи ҳамкорӣ ва мубодила байни идораҳо, минтақаҳо ва доираҳои корчаллон ба фаъолгардии бемисли ҳамкории сермаҳсул дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарварӣ мусоидат намуд. 
Қайд гардид, ки ташрифи давлатии Президенти Русия Владимир Путин  ба Ӯзбекистон моҳи октябри соли гузашта ҳамкориро бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардонд.
Бино бар ҷамъбасти соли 2018 ҳаҷми савдои тарафайн аз 20 фоиз гузашта, қариб ба 6 миллиард доллар расид. Бо иштироки ширкату бонкҳои бонуфузи Русия, аз он ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, мошинсозӣ, электротехникӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва дигарҳо лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ татбиқ мегарданд.
Таъкид гардид, ки андозаи нави мулоқоти бисёрдараҷа – созмон додани Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба дар дараҷаи сарвазирони ду давлат, бешубҳа, ба баланд бардоштани самарабахшӣ ва таъмин кардани татбиқи саривақтии амалии созишномаҳо бинобар васеъ гардондани ҳамкории бисёрнақша мусоидат менамояд.
Дар байни самтҳои пешомадноки ҳамкорӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон созмон додани агрокластерҳо ва марказҳои логистикӣ бо иштироки ширкатҳои русиягӣ, ҷорӣ кардани механизми нави дар ҳаҷми яклухт расонда додани маҳсулоти меваву сабзавот ва бофандагии Ӯзбекистон ба бозорҳои Русия, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ, васеъ гардондани мубодилаи тарафайн ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар нигаҳдории тандурустӣ ва таълим қайд шуданд.
Вазири рушди иқтисодии Русия ба сарвари давлатамон барои пазироии гарму ҷӯшон миннатдории самимӣ изҳор намуд ва салому таманноҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Раиси ҳукумат Дмитрий Медведевро расонд.
Максим Орешкин ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ гардида, ба таъмин кардани рушди устувори мамлакат, озодгардонии иқтисодиёт ва беҳтар гардондани муҳити корӣ, дастгирӣ намудани сармоягузорон ва бизнес-ташаббусҳо нигаронда шудаанд, баҳои баланд дод.
Ҷониби Русия омодагиашро барои минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ бобати зиёд ва васеъ гардондани ҳаҷму номгӯи савдои тарафайн, татбиқи лоиҳаҳои муштараки пешомадноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: