Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Эронро қабул кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Эронро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Эронро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Эронро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро таҳти сарварии котиби Шӯрои олии бехатарии миллӣ Алӣ Шамхонӣ қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон ва ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози мулоқот Алӣ Шамхонӣ ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Эрон Иброҳим Раисиро расонд.

Роҳбари Ӯзбекистон мувофиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда муназзам ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаро бо қаноатмандӣ қайд кард. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ меафзояд, кооператсияи саноатии корхонаю фирмаҳои пешқадами ҳар ду мамлакат амиқтар мегардад.

Моҳи гузашта дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва анҷумани соҳибкорон бомуваффақият баргузор гардид. Як қатор чорабиниҳои муҳими дигар ба нақша гирифта шудаанд.

Натиҷаҳои амалии ҷамъомади якуми Комиссияи муштарак оид ба амният, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, мусбат арзёбӣ гардид.

Зимни суҳбат ба пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои шарикӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, идомаи ҳамкориҳои самарабахш дар таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла мубориза бо таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир эътибори махсус дода шуд.

Ҳамчунин доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва тадбирҳои ироаи кумакҳои зарурӣ барои рафъи бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар табодули афкор сурат гирифт.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: