Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Федератсияи Русияро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 декабр директори Хидмати бехатарии федералии Федератсияи Русия Александр Бортниковро, ки ба мамлакатамон бо боздиди корӣ омадааст, қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 декабр директори Хидмати бехатарии федералии Федератсияи Русия Александр Бортниковро, ки ба мамлакатамон бо боздиди корӣ омадааст, қабул кард.

Дар оғози мулоқот Александр Бортников ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Русия Владимир Путинро расонд.

Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистону Русия баррасӣ гардиданд. Ба натиҷаи самарабахши мулоқоти дутарафа дар сатҳи олӣ, ки 19 ноябри соли ҷорӣ дар Маскав барпо гардид, баҳои баланд дода шуд.

Ба нигоҳ доштани робитаҳои мунтазам ва рушди ҳамкориҳои амалии байни мақомоти салоҳиятдори ду кишвар ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳои замонавии амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, киберҷиноёт, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳо таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Ҳамчунин доир ба аҳвол дар минтақа дар ҷанбаи вазъияти дар Афғонистон ба вуҷудомада табодули афкор ба амал омад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: