Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 июн намояндаи тиҷоратии Иёлати Муттаҳидаи Амрико Кэтрин Тайро қабул кард.
Роҳбари идораи Амрико ба раҳбари Ӯзбекистон салому орзуҳои неки Президенти ИМА Ҷо Байденро расонд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вусъат ёфтани робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши савдои мутақобила ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Робитаҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳо ва бонкҳои пешрафтаи ИМА, аз ҷумла ширкати "Air Products", "Coca-Cola", "Citibank", "Visa" ва бисёр дигарҳо инкишоф меёбанд.
Масъалаҳои марбут ба узвияти Ӯзбекистон ба СУС, барқарорсозии низоми GSP, амиқсозии ҳамкориҳои амалӣ дар доираи формати C5+1 ва Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Аҳамияти роҳандозии платформаи муштарак барои муайян кардани бахшҳои нав ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ қайд гардид.