ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 май бо ҳайати Ҷумҳурии Куриё таҳти сарварии раиси Кумитаи ҳамкориҳои Шимол Сон Ён Гил мулоқот кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 май бо ҳайати Ҷумҳурии Куриё таҳти сарварии раиси Кумитаи ҳамкориҳои Шимол Сон Ён Гил мулоқот кард.
Сарвари давлати мо меҳмононро хайрамақдам гуфта, бори дигар роҳбарият ва халқи бародари Куриёро бо комёбии Ҳамоиши байникуриёӣ, ки 27 аперли соли равон дар Пханмунҷом баргузор гардид, самимона муборакбод намуд.
Махсус таъкид гардид, ки натиҷаҳои хуби ин чорабинии таърихӣ ба шарофати мавқеи қатъӣ ва саъю кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин бино бар амалан татбиқ намудани роҳи сиёсии – «Сиёсати нави шимолӣ», ки ба беҳтар шудани муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқиву Демократии Куриё имконпазир гардиданд, ба таъмин гардидани амният ва эътидол, ҳамчунин мустаҳкам шудани эътимод дар минтақа нигаронида шудааст.
Рушди муттасили шарикии стратегӣ ва вусъати ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё бо қаноатмандии амиқ зикр шуд.
Муоҳидаҳое, ки бино бар натиҷаи сафари дараҷаи олӣ моҳи ноябри соли 2017-ум дар Куриёи Ҷанубӣ ба имзо расиданд, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи беш аз пеш баланд бардошта, онро бо лоиҳа ва барномаҳои дорои мазмуну муҳтавои сифатан нав ғанӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат пешомадҳои минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои муфиди тарафайни ду мамлакат, аз ҷумла дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт, молияву сармоя, инноватсия ва инсонпарварӣ, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ баррасӣ шуданд.
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ низ табодули афкор ба амал омад.
Сон Ён Гил дар навбати худ ба роҳбари давлати мо барои пазироии гарм ва муборакбодиҳои самимӣ миннатдории амиқ изҳор намуда, салому паёмҳои беҳтаринро аз номи Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин иброз дошт. 
Ҷониби Куриё изҳор дошт, ки аз мунтазам вусъат додан, мустаҳкам кардани шарикии васеъмиқёс ва бисёрҷанбаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё ба мақсади таъмин кардани сулҳу субот ба рушди устувори минтақа манфиатдор аст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: