Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Конгресси ИМА-ро қабул кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Конгресси ИМА-ро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Конгресси ИМА-ро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Конгресси ИМА-ро қабул кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Конгресси ИМА-ро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 август ҳайати ИМА-ро дар таркиби когрессменҳо Трент Келлӣ ва Дэрин Лахуд пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба баррасӣ шуданд.

Ба давом додани мубодилаи фаъоли байнипарлумонӣ ва ҳамкории амалӣ бо иёлатҳои Миссисипӣ ва Иллинойс, ки конгрессменҳо намоянда доранд, диққати махсус дода шуд.

Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи дар солҳои охир ба даст омада бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Алоқаҳои сермаҳсул вусъат ёфта, боздиди байниҳамдигарӣ ба амал меоянд. Гардиши мол миёни кишварҳо дар соли гузашта 53 дарсад ва аз аввали соли ҷорӣ 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Шумораи фирмаҳои амрикоӣ, ки дар бозори мо бомуваффақият фаъолият нишон медиҳанд, зиёд мешаванд.

Ба сифати мисол фаъолияти пурмаҳсули ширкати “Silverleaf” оид ба рушди агрокластер дар вилояти Ҷиззах оварда шуд.  

Сарвари давлатамон ба фаъолияти пурсамари Кокус оид ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон, ки дар Конгресси ИМА фаъолият мекунад, баҳои баланд дод.

Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои олӣ баррасӣ шуданд.

Дар бораи ташкили миссияҳои тиҷоратӣ аз минтақаҳои зикршудаи ИМА ба мамлакати мо мувофиқа ба даст омад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: