Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки рӯзи 23 июн бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад, ҳамроҳи ҳамсараш Болотсэтсэг Лувсандорҷ аз боғи «Ӯзбекистони нав» дидан намуда, ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт.
«Меҳмони олимартаба бо моҳият ва хусусиятҳои қарорҳои меъморӣ ва композитсияи маҷмаа шинос шуд», — навиштааст котиби матбуоти Сарвазир Бекзод Ҳидоятов дар telegram-канали худ. -- Маҷмаа ба ҳайати вакилони Муғулистон таассуроти калон бахшид».
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Президент Шавкат Мирзиёев 23-26 июн Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меояд. Сарвари Муғулистон инчунин ба шаҳри Хива сафар карда, дар он ҷо бо мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи мо шинос хоҳад шуд.