Президенти Муғулистон ба Самарканд омад

  • Президенти Муғулистон ба Самарканд омад
  • Президенти Муғулистон ба Самарканд омад
  • Президенти Муғулистон ба Самарканд омад
  • Президенти Муғулистон ба Самарканд омад

Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Сипас Президенти Муғулистон маҷмааи ёдгории "Ҳазрати Хизр"-ро зиёрат кард. Меҳмони олиқадр ба пояи қабри Президенти Нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов гул гузошта, хотираи ӯро пос дошт.

Дар барномаи сафари Президенти Муғулистон дар ҳошияи ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо раҳбарони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Муғулистон аз соли 2004 дар СҲШ нозир аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: