Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад

  • Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад

Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух 23 июн бо сафари давлатӣ ба мамлакати мо омад.

Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ  пешвоз гирифтанд, менависад дар  telegram-канали худ котиби матбуоти Сарвазир Бекзод Ҳидоятов.

Президенти Муғулистон бо ҳамроҳии ҳамсараш Болотсэтсэг Лувсандорҷ ба Ӯзбекистон омад.

Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Президент Шавкат Мирзиёев 23-26 июн Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон мешавад. Сарвари Муғулистон инчунин ба шаҳри Хива сафар карда, дар он ҷо бо мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи мо шинос хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: