Президенти Озарбойҷон ба Самарқанд омад

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои иштирок дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай ба сифати меҳмони фахрӣ ба кишварамон омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Илҳом Алиев маҷмааи "Ҳазрати Хизр"-ро зиёрат намуда, ба пояи қабри Президенти Нахустини мамлакатамон Ислом Каримов гул гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: