Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 21 июн бо боздиди давлатӣ ба кишварамон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадрро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии сафар имрӯз сурат мегиранд. Зимни музокирот дар сатҳи олӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, амиқгардонии ҳамкориҳои гуногунҷанба баррасӣ мешаванд. Дар натиҷаи ҳамоиш имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, илму инноватсия, сайёҳӣ ва ғайра дар назар аст.
Фардо раҳбари Озарбойҷон бо ёдгориҳои таърихии шаҳри Хева ошно мешавад.