Президенти Русия ба Ӯзбекистон ташриф овард

  • Президенти Русия ба Ӯзбекистон ташриф овард
  • Президенти Русия ба Ӯзбекистон ташриф овард
  • Президенти Русия ба Ӯзбекистон ташриф овард

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 сентябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо боздид ба кишварамон омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд меҳмони олиқадрро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов пешвоз гирифт.

Дар рӯзи аввали сафар музокироти сатҳи олӣ баргузор шуда, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русия баррасӣ мешаванд.

Бинобар ҷамъбасти музокирот ба имзо расондани ҳуҷҷати дуҷониба ба нақша гирифта шудааст, ки ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Русия нигаронда шудааст.  

16 сентябр Президенти Русия Владимир Путин низ дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: