ПРЕЗИДЕНТИ САХОВАТМАНДИ КИШВАРИ САХОВАТПЕША

Мо дар остонаи муборак — дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон қарор дорем.

Мо дар остонаи муборак — дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон қарор дорем. Ташаббусҳои нек, эътибор ба халқ қалбамонро ба туғён меоварад. Офтоби тобистон дар осмони кишварамон шаъшапошӣ карда, ҳар як ваҷаби хоки сарзамини муқаддасамонро метасфонад, диламонро ба ҷӯш меоварад, ба нерӯямон меафзояд.
Дар паҳноҳои Мирзочӯлу Хоразм ва саҳроҳои мамлакати саховатмандамон пахтаи сафед ғарқи шукуфтан аст. Пахтаи покизаамон ба пӯшондани сартосари Замин кифоят мекунад. Мо ба ҷаҳон на низоъу васвасаҳо, куштору нооромиҳо, балки либоси ҳаё ва инсониро расонда медиҳем.Ба ҷонаш ҷонро фидо, ба забонаш забонамонро ҷӯр мекунем, ба дилаш диламонро пайванд месозем.
Панҷ сол қабл аз ин ба шоҳроҳи мамлакатамон Президент Шавкат Мизиёев баромад. Ӯ бо ғояи фавқулодда сода, вале басе халқона майдонгирӣ кард. Дар пеши халқу кишвар мақсади аҷиберо гузошт: ХАЛҚАМОНРО РОЗӢ КУНЕМ! Ғоя чӣ қадар содаю ӯзбекона! Тӯли панҷ сол ин фикр дар гӯши диламон нишаст.
Дар суҳбати матбуотии Президент низ, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст, ҳамаамон фаҳмо ва маънои амиқ доштани ин ғоя, барои халқи Ӯбекистони нав маънои бузург касб намудани он ва маҳз ғояи миллии мо буданашро амиқ ҳис намудем. Ин ғояи сода ба он андоза характери ба худ хоси миллӣ дорад ва кулли корҳои амалиро фаро гирифтааст, ки дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ қудрати худро намоиш медиҳад. Он демократияи миллӣ, озодӣ, баробарӣ, ҳаққу ҳуқуқи инсон, анаъанаҳои нек ва ҳаётбахшро комилан дар бар мегирад.
Одамон ба адолати қонунҳо риоя накунанд ва ин адолатро рӯйи об набароранд, ба аъмоли ҳаёт ва тақдири ҳар шаҳрванд табдил надиҳанд, оё инсон ва халқро метавон розӣ кард? Оё ҳамаи орзую ниятҳои иҷтимоию сиёсии аҷдоди мутафаккирамон таҳти ҳамин ғоя рӯйи об намебарояд? Магар моҳияти Фармони ба наздикӣ ба тасвиб расондаи Президент айнан ҳамин нест?
Ба дастоварду комёбиҳоямон бо чӣ роҳ ноил мегардем? Сири дастовардҳоямон бобати коҳиш додани камбағалӣ, ки ба нерую озодӣ, шуҷоати ақл ва эҷодкориамон таҳдид меоварад, дар чист?Президент соли 2017 ба рӯшодгӯйӣ шурӯъ кард: ба шаффофияти ислоҳоту дигаргуниҳои мамлакат, ҳалолӣ, ҳақиқати ҳаётӣ ва самарабахшии онҳо рӯйи эътибор гардонда мешавад. Роҳбари мамлакат ба таълимгоҳҳои олие, ки мислашон дида нушудааст, коллеҷҳову мактабҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълими ибтидоӣ, объектҳои иҷтимоӣ, аудиторияҳо, ҳатто синфхонаҳои одӣ ворид шуд. Ба минтақаҳо сафар кард: дид, донист ва итминон ҳосил кард, ки ХАЛҚРО БОЯД РОЗӢ КАРД.
Бад-ин тариқа, Ӯзбекистони нав дар рӯйи Замин ба давлати дар ҳама соҳа боварибахш, халқи ӯзбек ба халқи қаддашро рост гирифта, ҷамъияти сазовори боварии ҷаҳон гардида, ба ҳодисаи маданию иҷтимоӣ табдил ёфт. Аз Президент ибрат гирифта, ҳамаи роҳбарон дари қабулхонаҳои халқро кушоданд. Ризоияти халқ ба сифати фалсафаи ҳаёти одилона маълуму машҳур гардид. Вожаҳое мисли «инноватсия», «кластер» мисли калимаҳое, ки ҳазор сол боз истифода мебарем, мавриди корбурд қарор мегиранд. Зеро вожаҳои инноватсияю кластер моро ба суйи ризоияти халқ мебаранд, яъне халқ дигар ҳеч гоҳ камбағал намешавад! Роҳи ягонаи ҳеч гоҳ камбағал нашудан, маънои соҳиби ҳамаи ихтисосҳо гардидани халқи  ӯзбекро дорад. Дигаргуниҳои куллие, ки дар кишварамон рӯй медиҳанд, ишора ба ҳамин мақсадҳои неку наҷиб аст. Агар халқ розӣ бошад, мо солҳои наздик ба мақсадҳоямон хоҳем расид. Истиқлолият ва боварие, ки давлатамон дар рӯйи Замин ба даст овардааст, ба ин пурра кафолат медиҳад. Истиқлолият муҳаббату эътиқоди мост! Он ба ҳамаи мо ҳамеша муборак бошад!
Президентамон умри дароз бинад, хушбахт бошад!

Иброҳим ҒАФУРОВ,
Қаҳрамони Ӯзбекистон, адабиётшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: