Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омад

  • Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15 сентябр ба Самарқанд омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони воломақомро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Сипас раҳбари Тоҷикистон ба маҷмааи ёдгории “Ҳазрати Хизр” рафта, ба пояи қабри Нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов гул гузошт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: