Президенти Тоҷикистон Президенти Ӯзбекистонро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дар оғози сӯҳбат Президенти Тоҷикистон раҳбари Ӯзбекистонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ гарму ҷӯшон табрик гуфта, ба халқи бародари ӯзбек беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно кард.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, инчунин таҳкими ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ байни кишварҳои мо нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд.

Динамикаи афзоиши тиҷорати мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ, барқарорсозии хизматрасонии автобусҳо, робитаҳои фаъол ва табодул дар соҳаи тандурустӣ ва кинематография бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Вазъияти минтақа, аз ҷумла дар заминаи таҳаввулоти вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: