Президенти Туркия ба Ӯзбекистон омад

15 сентябр бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба Самарқанд омад.

 Дар фурудгоҳ ӯро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов пешвоз гирифт.

Меҳмони олиқадр дар маҷмааи ёдгории “Ҳазрати Хизр” дар шаҳри Самарқанд мақбараи Ислом Каримовро зиёрат намуда, хотираи Нахустин Президенти кишварамонро пос дошта, ба пояи қабри ӯ гулчанбарҳо гузошт.

Дар барномаи сафари сарвари поҳбари Туркия иштирок дар чорабиниҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба сифати меҳмони фахрӣ ва баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: