Президенти Туркия бо боздиди расмӣ ба Ӯзбекистон меояд

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Туркия Режеп Таййип Эрдўғон 29-30 март бо боздиди расмӣ ба кишварамон ташриф меорад.

Мақсади асосии барномаи сафари меҳмони олӣ ширкат дар ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия мебошад.

Рӯзномаи мулоқоти раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии дуҷониба, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳоямонро дар бар мегирад.

Пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, саноат, логистика, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод, инчунин идомаи татбиқи фаъолонаи барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ дар маркази диққат қарор хоҳад гирифт.

Оид ба ҷанбаҳои актуалии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабули Изҳороти муштарак ва як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: