Президенти Туркманистон бо боздиди давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф меорад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Турманистон Сердар Бердимуҳамедов 14-15 июл бо боздиди давлатӣ ба кишварамон ташриф меорад.

Рӯзномаи музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар бар мегирад.

Дурнамои ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои асосӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила, роҳандозии ҳамкориҳои саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидори нақлиётию транзитӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи хоҷагии об, фаъол гардонидани робитаҳои байниминтақавӣ, инчунин, идомаи барномаҳои табодули фарҳангӣ ва башардӯстона мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Дар назар аст, ки сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш қабули Изҳороти муштарак ва имзои бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Барномаи будубоши меҳмони олӣ ҳамчунин мулоқот дар Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташриф ба ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Самарқандро дар бар мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба ин сафар рӯзҳои 1-2 июл чорабиниҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои идоракунии об дар шаҳри Дашоғуз бомуваффақият баргузор шуданд.

12 июл дар кишварамон конфронси илмию амалии Ӯзбекистону Туркманистон бахшида ба масъалаҳои амиқсозии муносибатҳои дуҷониба ва ифшои иқтидори шарикии стратегӣ баргузор гардид.

Дар арафаи ҳамоиш дар шаҳри Бухоро аввалин Форуми минтақаҳо, ҷамъомади Шӯрои соҳибкорон ва намоишгоҳи корхонаҳои пешқадами Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: