Президенти Туркманистон Президенти Ӯзбекистонро самимона табрик гуфт

25 октябр гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов сурат гирифт

25 октябр гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов    сурат гирифт

Роҳбари Туркманистон роҳбари давлати моро бо пирӯзии боваринок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфт.

Орзуҳои самимии идомаи ислоҳот ва дигаргуниҳои самарабахш, ки ба навсозии кишвар ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он нигаронида шудаанд, изҳор гардиданд.

Масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар натиҷаи чорабиниҳои расмӣ дар сатҳи олӣ 4-5 октябр дар Тошканд ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.

Ҷадвали мулоқотҳои оянда, аз ҷумла дар доираи созмонҳои минтақавӣ баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: