Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Озарбойҷонро қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Озарбойҷонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Озарбойҷонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Озарбойҷонро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август дар пойтахт ҳайати вакилони Ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки дар чорабиниҳои нахустини бисёрҷонибаи мулоқоти вазирони Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия иштирок мекунанд қабул кард.

Аз ҷониби Озарбойҷон дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷӣ Ҷайҳун Байрамов, вазири иқтисодиёт Микойил Ҷабборов ва вазири рушди рақамӣ ва нақлиёт Рашад Набиев иштирок карданд.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон ва васеъ гардондани ҳамкории амалӣ мувофиқи тавофуқоти роҳбарони ду давлати бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон саломи самимӣ ва таманноҳои неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба сарвари Ӯзбекистон расонд.

Ҷонибҳо бо камоли қаноатмандӣ пешрафти назаррасро пас аз мулоқоти ба қарибӣ дар сатҳи олӣ барпогардида қайд карданд. Моҳи гузашта сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳо барои пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои нафту газ ва кимё, кирмакпарварӣ ва дигар самтҳои кишоварзӣ, инчунин доираи барномаҳои миллии саноатикунонӣ фаъолона идома ёфтанд.

Як рӯз пеш дар Тошканд ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба бомуваффақият баргузор гардид.

Имрӯз дар мулоқоти сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ, вазирони тиҷорат ва нақлиёти се кишвар пеш аз ҳама масъалаҳои пешбурди коммуникатсияи самарабахши нақлиётӣ дар минтақа баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон муҳимияти дастгирии ҳамаҷониба ва тезондани лоиҳа ва барномаҳои ҳамкории мутақобилаи судманд, аз он ҷумла таъсис додани фонди сармоягузории Ӯзбекистону Озарбойҷон, ҳавасмандгардонии раванди роҳандозии робитаҳои корӣ, баргузор намудани Форуми якуми минтақаҳо ва намоишгоҳи саноатӣ, фароҳам овардани шароит барои кооператсия дар пойгоҳи минтақаҳои озоди иқтисодиро алоҳида қайд намуд.

Инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши Созмони давлатҳои туркӣ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: