Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 ноябр дар доираи иштирок дар нишасти ғайринавбатии арабу ислом дар шаҳри Ар-Риёз вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ, шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ол Саудро қабул кард.
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз” баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон ҳамкории судмандро бо ширкати пешбари "ACWA Power", ки дар модернизатсияи соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон дар асоси сармоягузории мустақим ва технологияҳои пешрафта фаъолона иштирок мекунад, бо қаноатмандии хоса қайд намуд.
Ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқии шамолу офтобӣ дар минтақаҳои мамлакатамон, инчунин истеҳсоли водороди «сабз» диққати махсус дода шуд.
Оид ба ҷалби ширкатҳо ва мушовирони саудӣ ба раванди баланд бардоштани маҳаллисозӣ ва самаранокии энергетикии корхонаҳои кишвар тавофуқ ҳосил шуд.