ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АҲАМИЯТИ ГУСТАРИШИ ВАСЕЪМИҚЁСИ ШАРИКИРО БО БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ҚАЙД НАМУД

Дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Боку мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад бин Сулаймон ал-Ҷассир баргузор гардид.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин институти бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати мо ба рушди босуръати шарикӣ бо БИР баҳои баланд дод. Моҳи марти соли равон дар Тошканд бо иштироки ниходҳои бонуфузи молиявии дунёи исломӣ ҷамъомади Гурӯҳи ҳамоҳангсозии араб таҳти роҳбарии ин бонк бомуваффақият баргузор гардида буд.

Сандуқи лоиҳаҳо бо БИР беш аз 4 миллиард долларро ташкил дод, ки 40 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меоянд.

Сармояи фонди муштараки тавсеаи имкониятҳои иқтисодии Ӯзбекистон, ки бо иштироки бонк таъсис дода шудааст, пайваста ташаккул меёбад.

Ба густариши ҳамкории амалӣ оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои нав дар соҳаи таълим, тандурустӣ, инфрасохтор, экология, соҳибкорӣ, сафарбаркунии сармояҳои хусусӣ, фаъол ҷалб намудани сохторҳои бонк ба фаъолияти лоиҳавӣ таваҷҷуҳи ҷудогона дода шуд.

Инчунин оид ба масъалаи иштироки БИР дар маблағгузории лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва истихроҷи маъданҳои кишвари мо табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: