Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкории амалиро бо Қазоқистон қайд намуд

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкории амалиро бо Қазоқистон қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкории амалиро бо Қазоқистон қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкории амалиро бо Қазоқистон қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкории амалиро бо Қазоқистон қайд намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаиловро, ки дар кишвари мо барои иштирок дар ҷамъомади навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ қарор дорад, қабул кард.

Масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон, густариши ҳамкории бисёрҷанба баррасӣ шуданд.

Дар аввали мулоқот Сарвазир Алихан Смаилов ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро расонд.

Зимни мулоқот рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Дар соли 2022 гардиши мол 18 фоиз, аз аввали соли ҷорӣ – 12 фоиз афзуд. Зиёда аз 3 ҳазор корхонаи муштарак фаъолият нишон медиҳад. Ҳаҷми кашондани мол меафзояд. Мубодилаи фаъоли башардӯстона идома дорад.

Президенти Ӯзбекистон ба натиҷаҳои пурсамари ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ, пеш аз ҳама тавофуқҳои оид ба пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла созмон додани Маркази байналмилалии кооператсияи саноатӣ ба дастомада баҳои баланд дод.

Ба густариш додани савдо ва таъмини мувозинати нишондиҳандаҳои амалиёти содиротиву воридотӣ ба мақсади ноил шудан ба параметри мақсадноки 10 миллиард доллар дар солҳои наздик таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба ин мақсадҳо аҳамияти ҳарчи зудтар ба роҳ мондани фаъолияти ширкати тиҷорати хориҷӣ қайд карда шуд.

Ба ғайр аз ин, васеъ гардондани портфели лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли мошинсозӣ, энергетика, саноати истихроҷ, нақлиёт ва логистика, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва дигар ба сифати вазифаи устувор муайян шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: