Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август ҳайатро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова, ки аз мамлакатамон бо ташрифи расмӣ боздид ба амал меорад, қабул кард.
Масъалаҳои минбаъд амиқсозии муносибати бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Беларус, инчунин вусъат додани ҳамкории байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.
Дар оғози вохӯрӣ Наталя Кочанова ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Беларус Александр Лукашенкоро расонд.
Президенти Ӯзбекистон рушди муттасили ҳамкории дуҷониба, фаъолсозии робитаҳо ва табодул бинобар қарордодҳоро, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар дараҷаи баланд имзо гаштааст, бо қаноатмандӣ таъкид кард.
Рушди ҳаҷми табодули мол мушоҳида мегардад, лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ бомуваффақият татбиқ мегардад, шарикии кории байниминтақавӣ суръат пайдо мекунад, чорабиниҳои мунтазам дар доираи барномаи маданиву гуманитарӣ баргузор мегарданд.
Натиҷаҳои босамари чорабиниҳои муштарак дар самти парлумонҳо, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегарданд, аз он ҷумла мулоқот дар Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва бизнес-форуми дуюми занон олӣ арзёбӣ гардид.
Аҳамияти идома додани гуфтугӯйи босуръати байнипорлумонӣ, ки ба пеш бурдани лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории байни ду мамлакат дар соҳаҳои савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ, таълим, тандурустӣ ва дигар самтҳои бартаринок нигаронда шудааст, таъкид шуд.