Президенти Ӯзбекистон аҳамияти рушди ҳамкории инноватсиониро бо АМА қайд намуд

  • Президенти Ӯзбекистон  аҳамияти рушди ҳамкории инноватсиониро бо АМА қайд намуд

Истиқболи татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар соҳаи технологияи баланд, зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ, такомули инфрасохтори шаҳр, боз намудани имконоти тиҷоративу сармоягузории минтақаҳо ва масъалаҳои дигар зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб зери сарпарастии вазир оид ба корҳои Ҳукумат Муҳаммад бин Абдулло ал-Гергавӣ, ки 4 апрел баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки самтҳои мазкур мавзӯи мулоқоти ояндаи ҳамоиши дараҷаи олии дуҷонибаро бояд ташкил намоянд.

Ғайр аз ин бобати минбаъд васеъ намудани ҳамкории муфиди тарафайн бинобар самтҳои мисли баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти ҷорӣ, тарбияи кадрҳои касбии идоракунӣ ва барномарезӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Вазир Ал-Гергавӣ ба роҳбари давлатамон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Аморот Шайх Муҳаммад ал-Наҳайян ва Ноиб-президент, Сарвазири мамлакат, Амири Дубай Шайх Муҳаммад ал-Мактумро тақдим кард.

Дар поёни мулоқот Президенти Ӯзбекистон  бинобар навсозии «нақшаи роҳ», ки тезондани татбиқи барномаҳои ҷорӣ ва омодагии лоиҳаҳои истиқболнокро пешбинӣ менамояд, супоришҳо дод.

Дар поёни суҳбат ба вазир Ал-Гергавӣ мукофоти олии давлатӣ – ордени «Дӯстлик» барои саҳми калонаш дар амиқсозии муносибати бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморот ва ҷонибдории ҳаматарафаи барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав супурда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: