Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаи сохтмони долони роҳи оҳани Трансафғонро қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаи сохтмони долони роҳи оҳани Трансафғонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаи сохтмони долони роҳи оҳани Трансафғонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаи сохтмони долони роҳи оҳани Трансафғонро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 феврал вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Покистон, раиси қисми покистонии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба Исҳоқ Дорро, ки дар доираи барномаи баргузории ҷаласаи навбатии комиссия дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ҷанбаҳои амалии тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Исҳоқ Дор ба роҳбари Ӯзбекистон барои баргузории вохӯрӣ миннатдории амиқ баён намуда, салому орзуҳои неки Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шарифро расонд.

Дар вохӯрӣ ба татбиқи амалии созишномаҳои муҳими оид ба транзит ва савдои имтиёзнок имзошуда таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Илова бар ин, аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт дар доираи рӯзномаи музокироти байниҳукуматӣ қайд карда шуд.

Сарвари давлатамон ба зарурати рушди алоқаи автомобилӣ ва суръат бахшидан ба сохтмони роҳи оҳане, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо роҳ ба бандарҳои Покистон пайваст мекунад, алоҳида таваққуф кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: