Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Қирғизистонро таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Қирғизистонро таъкид кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Қирғизистонро таъкид кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Қирғизистонро таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март Раиси Девони Вазирон – роҳбари Администратсияи Президенти Қирғизистон Ақилбек Ҷапаровро қабул кард.

Дар оғози мулоқот Ақилбек Ҷапаров саломи самимии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаровро ба роҳбари давлатамон расонд.

Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ моҳи январи соли ҷорӣ дар Бишкек ҳосилшуда баррасӣ шуданд.

Ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Муҳимияти татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳои кооператсия дар соҳаи мошинсозӣ, таъсиси кластерҳои муштараки пахтаю нассоҷӣ, истеҳсоли асбобҳои барқӣ, инчунин азхудкунии муштараки конҳои маъданӣ таъкид гардид.

Дар мулоқот ҷанбаҳои амалии сохтмони муштараки Неругоҳи барқи обии Қамбарата-1 баррасӣ шуд. Зарурати омодагии фаъолонаи лоиҳаи роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон” таъкид шуд.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон баргузории фаъолонаи як қатор чорабиниҳои муштарак дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, коршиносон, ҷомеа ва ҷавонон, ки ба амиқсозии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар нигаронида шудаанд, дар назар аст.

Инчунин оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: