Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ҳамкориҳои фаъоли байнипарлумонии Ӯзбекистону Русияро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 сентябр муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Галина Кареловаро, ки ба шаҳри Тошканд барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои ҳамоиши занони роҳбари парлумонҳо омадааст, қабул кард.

Муовини раиси Парлумони Русия ба роҳбари Ӯзбекистон барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, салому орзуҳои беҳтарини Президенти Русия Владимир Путин ва Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенкоро расонд.

Сарвари давлатамон сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия, рушди босуръати ҳамкориҳои бисёрҷанбаро, ки дар солҳои охир ба даст омадааст, бо қаноатмандӣ қайд намуд.

Дар татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ роҳангдозии ҳамкориҳои мутақобилаи наздик ва самарабахши парлумонҳои ду кишвар нақши фаъол мебозад.

Аҳамияти идомаи чунин робитаҳои судманд, аз ҷумла дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаи Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: