Президенти Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон ташриф меоварад

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11-13 ноябр бо сафари корӣ барои иштирок дар нишастҳои байналмилалӣ ба Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф меорад.

Сарвари давлатамон бо даъвати Ходими ду масҷиди муқаддас – Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд 11 ноябр дар нишасти ғайринавбатии сарони арабу ислом бахшида ба ташаннуҷи вазъ дар сектори Ғазо ва Лубнон, инчунин таҳияи тадбирҳои зудтар яктарафа кардани низои Шарқи Наздик иштирок мекунад.

12-13 ноябр бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар чорабиниҳои иҷлосияи 29-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим (COP29) иштирок мекунад.

Дар назар аст, ки Президенти Ӯзбекистон дар ин ҳамоишҳо нутқ эрод менамояд, ҳамчунин бо сарони кишварҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ як қатор мулоқотҳо анҷом медиҳад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: