Президенти Ӯзбекистон ба Берлин рафт

Бо таклифи Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар рафт.

Мувофиқи барномаи сафар дар Берлин баргузор намудани гуфтушунид бо Президенти Федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва Канслери Федералӣ Олаф Шолтс, инчунин мулоқот бо роҳбарияти ширкатҳои пешқадами немис ба нақша гирифта шудааст.

Дар чаҳорчӯби ташриф боздид аз намоишгоҳи "Дурдонаи археологии Ӯзбекистон. Аз Александр Македонӣ то империяи Кушониён", ки дар Осорхона ва гелереяи нави Ҷеймс Симон дар пойтахти Олмон кушода мешавад, пешбинӣ шудааст.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: